ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бино бар гузориши манбаъ, марди 54-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ки пештар аз ҷониби кормандони милиса ба ташкили фоҳишахона муттаҳам шуда буд, дубора даст ба табаҳкорӣ зад.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 26-уми июли соли 2017, тахминан соати 12:30- дақиқа дар кӯчаи Айнии пойтахт, дукони Кошонаи маҳсгарии худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ гирифтааст.
ВУД ёдоварӣ мекунад, ки ин мард чанде қабл аз ҷониби кормандони милиса бо гумони даст додаштанаш ба айнан ҳамин гуна ҷурм дастгир шуда буд, аммо забонхат навишта буд, ки то баррасии парвандааш маҳалли истиқоматиашро тарк намекунад.
"Вале номбурда, аз ин хулосаи даркорӣ набароварда ба ҳаракатҳои ҷиноятии худ идома дода, такроран даст ба қонуншиканӣ задааст",- қайд мекунад манбаъ.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.
Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.
Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.
ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт
Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.