Ҳаштоду нӯҳ соли оташнишонӣ: аз аспу ароба то Кенвуду Моторолла

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТХудравҳои оташнишонӣ аз Бритониё
Худравҳои оташнишонӣ аз Бритониё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оташнишонони Тоҷикистон имрӯз 89-умин солгарди ҷашни касбиашонро таҷлил иекунанд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Нахустин дастаи оташнишонӣ дар  пойтахти Тоҷикистон  30 июли  соли 1928 дар асоси қарори Шӯрои шаҳрии вакилону коргарон ва аскарони сурх таъсис дода шуд.

Ташкилотчии он Фёдор Зайтсев маҳсуб меёбад. Нахустин дастаи оташнишонӣ аз 10 нафар сӯхторнишонҳо иборат буд.

Он айём дастаи оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхторҳо бо аробаи аспӣ мебаромад.

Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабаби сӯхторро дар "Корвон" 2 ҳазор милиса "муайян кард"

Дар солҳои авввали фаъолият оташнишонон бо як насоси тамғаи "Ҷеленч", ки аз ду зарфи обдор, 180 метр рӯдаи оташнишонӣ иборат ба кумаки мардум мешитофтанд.

Шурӯъ аз солҳои 30-юм дастаҳои оташнишонӣ дар дигар манотиқи кишвар аз ҷумла, Ленинобод, Конибодом, Исфара, Панҷ ва Уропетта ташкл карда шуданд.

Соли 1936 дар шаҳри Душанбе дастаи дуюми оташнишонӣ ба фаъолият оғоз кард. То Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 20 дастаи ошташнишонӣ кор мекард.

Оташнишонони тоҷик аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба майдони ҳарб рафтанд.

Соли 1955 кумитаи оташнишонии Тоҷикистон ба воҳиди низомӣ табдил дода шуд.

Коранди хадамоти оташхомӯшкунӣ дар Норвегия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зеботарин оташхомӯшкуни ҷаҳон дар Норвегия зиндагӣ мекунад

Айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 қисми оташнишонӣ ва 6 дидбонгоҳ оид ба пешгирии сар задани сӯхторҳо амал мекунанд. Дар Раёсати мазкур 384 корманд фаъолият доранд, ки аз онҳо 117 нафарашон афсарон ва 50 нафарашон бонувон мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Раёсат тавонистааст бо дастгирии ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби техникаву таҷҳизоти замонавӣ гардад.

Оташнишонҳои пойтахт ҳоло бо навтарин воситаҳои иртиботии "Кенвуд" ва "Моторолла" таъмин мебошанд. 

Ёдоварӣ мекунем,ки дар давоми шаш моҳи ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 597 сӯхтор рух дода, ҷони 14 касро гирифта 20 каси дигарро захмӣ кард. Зарари умумӣ аз сӯхтор 4 милюн сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0