Мошини милиса.Акс аз бойгонӣ

БДА ба ронандагон: аз кори нозирони роҳ шикоят доред, ба мо занг занед

212
(Таҷдидшуда 09:05 31.07.2017)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо нашри як эълом аз мардум хоста, ки арзу шикоятҳои худро оид ба фаъолияти нозирони роҳ ба масъулин бирасонанд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ин ниҳод тасмим гирифтааст бо сардори нави Раёсати БДА полковники милитсия Акбар Насимзода мулоқот кунад.

Ба иттилоъи манбаъ ин дидор дар асоси саволу пешниҳодҳои  мардум вобаста ба фаъолияти БДА сурат мегирад.

Бо ҳамин мақсад БДА аз мардум даъват мекунад, ки суолҳояшонро монанди  "шумо соҳиби автомашина ҳастеду ҳамарӯза ҳангоми рондани он дар кӯчаву хиёбонҳо ба мушкил рӯбарӯ мешавед? Шумо қоидаҳо ва аломатҳои роҳро хуб медонеду нозири БДА дар роҳ ба шумо дағалӣ намуд ва беэҳтиромӣ кард? Шумо аз кори нодурусти нозири роҳи БДА шикоят карданиеду намедонед ба куҷо муроҷиат намоед? Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни кормандони БДА дар кадом поя қарор дорад? Бо нозирони тамаъҷӯй чӣ бояд кард? Ҳуҷҷати ронандагии шумо бояд чӣ гуна бошад?", — ба ин ниҳод бифиристанд.

"Саволу арзҳоятонро дар тӯли ҳамин ҳафта  ба мо ирсол намоед, мо ба сардори РБДА онҳоро пешкаш менамоем", — омадааст дар эълом.

Ҳамзамон метавонед суолҳои хешро тавассути телефон ва суроғаҳои электронии зайл ба мо ва Маркази матбуоти ВКД ҶТ равон намоед.

Шаҳрзоди Амин: 98 101 17 74, 93 801 17 74, Вайбер, Ваттсап, amin.80@list.ru,Ҷамила Ҳусейнова: 918 69 65 09,jamila_h@mail.ru,Баҳодур Уроқов, вилояти Хатлон — 93 828 29 30,Аслиддин Достиев, водии Кӯлоб-918 80 53 44Хабарнигори фаврии ВКД: 939 222 111 Вайбер, Ваттсап.E-mail: info@vkd.tj, somona@vkd.tj

212
Барчаспҳо:
дар давоми як ҳафта, қабули арзҳо, шикоятҳо, БДА, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пас аз 13 сол БДА шабакаи ягонаи иттилоотӣ бунёд кард
БДА: шумораҳои сабти давлатиро то 01.12.2017 иваз кунед
БДА ба ронандагон: аксҳои 10 солаатонро иваз кунед
БДА чаҳор рӯз ба шаҳрвандон гувоҳиномаи ронандагӣ нахоҳад дод