Деньги в кредит, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо дулорҳои тақаллубӣ

31
(Таҷдидшуда 15:36 31.07.2017)
Шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми тақаллуби пул ва муомилаи ғайриқонунии он дар Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дулорҳои мусодирашуда ба пулҳои аслӣ мувофиқат намекунанд.

Тибқи маълумоти манбаъ ин мард, 80 адад пули қоғазии 100-дулораи тақаллубиро бо ҳадафи фурӯхтан аз гузаргоҳи марзии шаҳри Исфара ба Тоҷикистон ворид кардааст.

"Ӯ ин пулҳоро дар назди осоишгоҳи "Зумрат" бар ивази 3600 дулори амрикоӣ ба шахси дигар фурӯхтааст", — омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши манбаъ, ин пулҳои коғазӣ тақаллубӣ будаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

31
Барчаспҳо:
тақаллуби пул, боздошт, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боздошти сокини Душанбе бо иттиҳоми тақаллуби пул