Девушка в мини-юбка, архивное фото

Кумитаи занон: "Тарғиби либоси миллӣ дар Норак"

213
(Таҷдидшуда 21:33 03.08.2017)
Дар шаҳри Норак низ бахши кор бо занон бо бонувон ва фурӯшандангон "либоси миллиро тарғиб кард"

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тавре равобити умуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, чанде пеш бахши кор бо занони шаҳри Норак "бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ ва пешгирӣ намудани бегонапарастии занону духтарон дар масоили одоби либоспӯшӣ дар маркази шаҳри Норак бо шаҳрвандон суҳбатҳо доир намуданд. "

Тавре дар хабар қайд мешавад, сӯҳбатҳо ба хотири "эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии фарҳанги бегона, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои манъи фурӯши маводҳои тарғибкунандаи ба фарҳанги мо бегона, алалхусус, аз ҷониби занону духтарон пешгирии бегонапарастӣ сӯҳбатҳо анҷом дода шуданд "

213
Барчаспҳо:
тар-иби либос, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, занон, Норак, Тоҷикистон