Раист Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раиси ожонс: миёни хидматчиёни давлатӣ теъдоди занҳо низ афзудааст

183
(Таҷдидшуда 12:46 05.08.2017)
Аз 19 ҳазору 261 хизматчии давлатӣ 8 ҳазору 770 нафар ё 45,5 дарсадро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 22,5 фисадашро занон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ожонси хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи ҷавонон дар  сафи хидмати давлатӣ иттиъ дода, афзудааст миёни хидматчиёни давлатӣ теъдоди занон низ афзудааст.

Раиси ожонс дар нишасти расонаӣ ба хабарнигорон гуфта, ки  аз 19 ҳазору 261 хизматчии давлатӣ 8 ҳазору 770 нафар ё 45,5 дарсадро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 389 нафар бештар мебошад. Баробари ин теъдоди занон низ зиёд шуда, 22,5 фисади хидматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд.

Ба қавли Давлатов, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,8 сола аст. Ӯ гуфт, миёни хизматчиёни давлатӣ теъдоди занҳо низ афзудааст.

"Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 4 ҳазору 340 нафар ва ё 22,5 фоизашро занҳо ташкил медиҳанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 124 нафар зиёд гардидааст",- илова намуд вай. 

Раиси Ожонси хизмати давлати қайд намуд, ки дар шашмоҳаи соли равон аз 1360 хизматчии давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1154 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шудааст.

"Аз ин ҳайат 34 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 38 тан барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунанди хизмати давлатӣ, 42 нафар барои пеш аз мӯҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтаанд".

Ҷумъа Давлатов иброз дошт, дар пайи гузаронидани аттестатсия 206 хизматчии давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд, ки ба 148-тои он барои такмили ихтисос, ба 18 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ва ба 40 нафар барои аз мансаб озод намудан тавсия дода шуд.  

Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни "Рӯзи модар" оморе аз ҳузур ва фаъолияти занон дар заминаҳои гуногуни кишвардорӣ оварда буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки барои густариши нақшу фаъолияти занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ду пешниҳод ба Маҷлиси Олӣ додааст: яке ин ки ҳама сохторҳои давлатӣ бояд барои занон саҳмия ва имтиёзҳо муқаррар кунанд ва дувум ин ки занону духтарон барои кор дар бунгоҳои бонкӣ, иртибототӣ ва корёбӣ ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оморе аз ҳузур ва фаъолияти занон дар заминаҳои гуногуни кишвардорӣ овард.

Чунончи, дар оғози соли 2017 аз шумораи куллии беш аз 19 ҳазор коргузорони давлатӣ камобеш 4200 нафар ё 22 дарсадро занон ташкил додаанд. 70 дарсад аз кормандони системи омӯзишу парвариш ва 60 дарсад аз кормандони системи тандурустиро низ бонувон ташкил медиҳанд.

Бино бар гуфтаҳои раисҷумҳур, шумораи бонувон дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додрасӣ, додгустарӣ ва сохторҳои низомии кишвар сол аз сол афзоиш меёбад. Ҳамакнун дар ниҳодҳои додгоҳии кишвар 235 тан, Додситонии кулл 46 тан, Вазорати корҳои дохилӣ 1500 тан, Вазорати дифоъ 400 тан, Ожонси мубориза бо фасод 24 тан, Ожонси назорати маводи мухаддир 36 тан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 тан, Хадамоти гумрук 107 тан ва Гвардияи миллӣ камобеш 300 тан бонувон машғул ба кор ҳастанд.

Бино бар омори расмӣ, аз 235 тан заноне ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ фаъолият доранд, 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар машғул ба кор ҳастанд.

Дар неруҳои интизомӣ 2755 нафар зан адои вазифа мекунанд, ки аксарашон афсарону раҳбарони баландпоя ҳастанд. Куллан дар мақомоти додгоҳӣ 90 нафар ва дар неруҳои интизомӣ 745 бонувон симатҳои раҳбарӣ доранд.

Беш аз 138 ҳазор бонувон дар риштаҳои гуногуни иқтисод фаъолият доранд, ки аз он ҷумла раҳбарии 20 ҳазору 500 ширкати кишоварзиро бонувон бар уҳда доранд.

183
Барчаспҳо:
хизмати давлатӣ, занон, Тоҷикистон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

1762
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

1762
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

558
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

558
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон