Низомиён, акс аз бойгонӣ

Се сержант баъди лату кӯби сарбоз ба зиндон андохта шуданд

99
Яке ду ва дигаре се сол ва саввумин 9 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Се сержанти хурди қисми ҳарбии шимолии Тоҷикистон бо иттиҳоми лату кӯби сарбозон равонаи зиндон шуданд.

Ду  маҳкумшуда сержанти хурди қисми низомии 07-746-и "Чоруқ Дарон" мебошанд, ки яке ду ва дигари се сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Сержанти хурди қисми ҳарбии зертобеи Вазорати мудофиа дар Панҷакент бошад бо ҷурми лату кӯбӣ сарбоз 9 сол равонаи зиндон гардидааст.

Абдураҳим Бекзода, раиси Суди гарнизони Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки сержанти хурди Вазорати мудофиа баъди он ки сарбози зертобеашро то ба худкушӣ расонидааст нисбаташ адои ҷазо дар колонияи низомаш сахт таъин гардидааст.

"Бобур Бозоров, сержанти хурди қисми низомии Вазорати мудофиа дар шаҳри Панҷакент нисбати сарбоз кирдорҳои ғайриумумиро раво мебинад. Оқибат сарбоз аз лату кӯби зиёди сержант худро ба дор овехтааст",- изҳор дошт вай.

 Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 парвандаи ҷиноятиро нисбати хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷурми лату кӯб ва зӯроварӣ боз кардаанд. Нисбати фармондеҳи взводи норинҷакандозии қисми ҳарбии 030-40 дар ноҳияи Шаҳристон низ бо моддаи 391, қисми 1 парванда боз шуда ба муддати як сол аз ҳуқуқи хизмат дар вазифаи худ маҳрум шудааст.

99
Барчаспҳо:
зиндон, лату кӯб, сержант, Тоҷикистон