Панҷшанбебозори Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Хурдафурӯшӣ дар атрофи Панҷшанбебозори Хуҷанд пурра мамнуъ шуд

63
(Таҷдидшуда 18:14 10.08.2017)
Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, хурдафурӯшӣ дар атрофи "Панҷшанбебозор" ба хотири танзими тартибот манъ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг- Sputnik. Хурдафурӯшӣ дар атрофи бозори марказии "Панҷшанбе" дар шаҳри Хуҷанд пурра мамнуъ гаштааст, гузориш додааст хабаргузории СМ-1.

Бино бар ин гузориш, Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, хурдафурӯшӣ дар атрофи "Панҷшанбебозор" ба хотири танзими тартибот манъ карда шудааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи ин ниҳод гуфта, ки касоне, ки тартиботи бозорро нодида гирифта ва дастфурӯшӣ мекунанд, аз рӯи моддаи 640 Қонуни табаҳкориҳои маъмурӣ ҷарима хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки як ҳафта боз гурӯҳҳои гаштии нерӯҳои интизомӣ дар бозорҳои ин вилояти шимолии Тоҷикистон назму низоми бозорҳоро баррасӣ мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси шаҳри Хуҷанд бо имзои қароре дастур додааст дукону фурӯшгоҳҳо аз майдони Регистон барканда шаванд.

Дар баробари майдони Регистон гирду атрофаш ҳам аз дукону фурӯшгоҳҳо поксозӣ карда хоҳад шуд.

63
Барчаспҳо:
майдафурӯшӣ, Панҷшанбебозор, Хуҷанд, Тоҷикистон

Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

13
(Таҷдидшуда 12:19 25.01.2021)
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур озодапангро дастгир карда, тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаи кӯҳӣ ӯро раҳо намуданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳалӣ бабри барфӣ хисороти калон расондааст, хабар медиҳад бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, озодапанг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапанг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ӯро ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода, раҳо намуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расида ба сокини маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷуброн карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бабрҳои барфии калонсол, бинобар беқувватии худ дар фасли сармо асосан ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуд ҳайвон  ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардидааст. 

Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти озодапаланг маҳз ВМКБ аст.

13
Барчаспҳо:
гӯсфанд, паланг, Ишкошим
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

70
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

70
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон