Модари ҷавон, акс аз бойгонӣ

Ин чи шӯрест...: зане дар Душанбе хоҳарзодаашро дуздидаву ба 300 сомонӣ фурӯхтааст

420
(Таҷдидшуда 01:48 11.08.2017)
Дар шаҳри Душанбе зане ба милиса шикоят бурдааст, ки хоҳараш ӯро фиреб додаву фарзандашро ба 300 сомонӣ фурӯхтааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шикояти ҷавонзане ба нерӯҳои интизомии шаҳри Душанбе гузориш дод, ки фарзандашро фурӯхтаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 26-солае аз шаҳри Душанбе ба милиса шикоят бурдааст, ки 11-уми июни соли 2017 хоҳари 21-солааш, ки дар ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекардааст, ӯро фиреб додаву духтарчаи яксолаашро бо худ бурда ба 300 сомонӣ ба зани 26-солае дар ноҳияи Шаҳритус фурӯхтааст.

Ин кӯдакдузд ҳамчунин аз номи модари он кӯдак санаде сохта, ки гӯё аз ҳаққи модарӣ ба ин кӯдак даст кашидааст.

Кӯдакдуздро кормандони милиса дастгир кардаанд. Ҳамакнун раванди бозҷӯии ин қазия ҷараён дорад.

420
Барчаспҳо:
фурӯши тифл, фарзанд, модар, хоҳар, Душанбе, Тоҷикистон