Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод дода, ки Қонуни ҶТ "Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро ислоҳ кунад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳаққи ибтикори қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешнависи ислоҳи Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ",  "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни ҷиноии ҶТ  ва Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Бино бар иттилоъи дафтари матбуотии раиҷумҳур, тарҳҳои пешниҳодшуда бар асоси дархосту пешниҳоди шаҳрвандон дар дидорҳо, суханрониҳо дар расонаҳо ва мулоқот ба муносибати 10-умин солгарди тасвиби Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" таҳия шудаанд.

Тарҳи ислоҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" барои такмили қонуни ҷорӣ таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти  комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ин тарҳ бархе меъёрҳоро пешниҳод карда, ки "барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ" равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дасторхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.

Дар ин тарҳ тартиби нави баргузории хатнасур пешниҳод мешавад. Чунончи, пешниҳод мешавад, ки аз ин пас хатнасур дар ҳалқаи хонавода ва бе хидматрасонии ҳунарпешаҳо баргузор шавад. Хатнаро ҳам пешниҳод шуда, ки бо ризояти падару модар ва ройгон дар муддати 20 рӯз пас аз таваллуди писар дар бунгоҳҳои пизишкӣ бар пояи муқаррароти ниҳоди тандурустӣ баргузор шавад. Ин пешниҳод бо омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин замина ироя шудааст.

Баргузории маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони навзод ва дигар маъракаҳои вобаста ба таваллуди кӯдак дар ҳалқаи хонавода, бе забҳи чорво ва базму овозхонӣ иҷозат дода мешавад.

Баргузории маъракаи ақиқа мамнуъ мешавад. Маросими ақиқа ин аст, ки ҳангоми таваллуди писар мард бояд ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфандро сар бизанад.

Иллати манъи ин маъракаҳо "сарфаҷӯии сармояи падару модарон ва пешгирӣ аз коҳиши сатҳи зиндагии мардум" гуфта шудааст. Пешниҳод шуда, ки падару модарон  ва дигар сарпарастон аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.

Ҳамчунин шахсони ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ки имкони молӣ доранд, ҳаққ хоҳанд дошт, ки  бо риояи муқаррарот ва бо ширкати кумисюнҳои доими маҳаллӣ хатнасури хайрияи писарони бепарастор ва аз хонаводаҳои камнаворо баргузор кунанд.

Моддаи 10 Қонуни ҷорӣ, ки ҷашни домодиву арӯсиро ба танзим медарорад, низ ислоҳ шуда, дар баробари дигар маъракаҳои мамнуъ, баргузории маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.

Дар ин модда ҳамчунин меъёре пешбинӣ шуда, ки иҷоза медиҳад падару модари домоду арӯс ва ё сарпарастонашон бо маслиҳати тарафайн ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро барои беҳбуди шароити зиндагии навхонадорон сарф кунанд.

Ҳамчунин пешниҳод шуда, ки маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими "се", "чил" ва "сол" бе забҳи чорво ва бе додани хӯрок баргузор шаванд. Дар дигар маросими манъшуда чун «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани хӯрок манъ карда мешавад.

Дар вохӯрию баромадҳо мардум оиди адои маросими ҳаҷ низ пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо назардошти ин дархостҳо  ба моддаи 12 Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи "ҳоҷизиёрат" манъ карда мешавад. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.

Тағйиротҳои назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мегарданд.

Аз ҷониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот таклифҳои зиёд оид ба вақти баргузории тую маросим ворид гардиданд. Бо назардошти ин таклифҳо ба моддаи 14  Қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин ба Қонун меъёрҳои нав дар хусуси  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти  он пешниҳод гардида, онҳо вазифадор карда мешаванд, ки мақоми ваколатдоро доир ба баргузории тӯи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ  хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд.

Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Тибқи таҳлилҳо аксари  мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар  шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.

Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри  нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Ҳамчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии шахсони  алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" пурзӯр карда шуданд.

Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ пешниҳод гардидааст,  барои риоя накардани талаботи қонунгузории ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 —26 ҳазор  то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати  онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ  ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни болозикр маҳз ба хотири пешгирии вайронкунии он пешниҳод гардидааст.

Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар лоиҳаҳои пешниҳодгардида ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарӣ маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, дар ин ҳолатҳо содир намудани ҷиноят низ диққат дода шудааст.

Тавре, ки аз маълумотҳо бармеояд, ҳамасола дар роҳҳои Ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва аз он бештар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебинанд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бо назардошти ин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Тоҷикистон ва Кодекси Ҷиноятии ҶТ тағйирот пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд.

Аз ҷумла дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбини намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0