Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани кишти картошка ва пахта дар ноҳияи Бохтар

60
Ҳини мулоқот раисҷумҳур бо фаъолону сокинони ноҳияи Бохтар соҳаҳои муҳимтарини ноҳияро баррасӣ намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро низ таъкид кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон субҳи имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо сокинон мулоқотҳо карда аз бурду бохти ноҳияву шаҳрҳо сухан кардРаисҷумҳур дар доираи сафари кориаш ба шаҳру навроҳии вилояти Хатлон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар низ мулоқот кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз мардуми ин ноҳия барои пешвози самимона муташаккир шуд.

Раисҷумҳур гуфт, аҳволи зиндагии мардум дар ин ноҳия сол то сол беҳтар мешавад.

"Сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дигар иншооти муосири соҳаи маориф ва марказҳои хизматрасонӣ симои ноҳияро дар муқоиса бо солҳои пеш хеле ободу зебо гардонидаанд",- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино бар иттилои раисҷумҳур, кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2015-ум 24 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоизро ташкил кардааст.
Ҳамчунин ба ба хоҷагии деҳқонии ноҳия 76 адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ майдони кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла пахта ва картошка хеле кам гардидааст, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Чунин вазъ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва имкониятҳои мавҷудаи соҳа қобили қабул буда наметавонад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаштуним ҳазор тонна ё 47 фоиз кам шудааст.

Хотирнишон месозам, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар навъҳои сабзавот низ чандон назаррас нест.

"Ҳамзамон бо ин, фаромӯш набояд кард, ки кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд, чунки ноҳияи Бохтар ба маркази вилоят хеле наздик ҷой гирифтааст",- таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.

Раисҷумҳур барои ислоҳи ин камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ ва Ҳукумати вилоят ва ноҳия супориш дод, ки ҷиҳати истифодаи тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани майдони кишти асосӣ ва такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Имкониятҳои зиёди ноҳия, ҳамчунин, барои ривоҷ додани боғдорӣ то ҳол пурра истифода нашудаанд.

Дар робита ба ин, Ҳукумати вилоят ва ноҳия бояд якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати афзоиш додани кишти сабзавот, аз ҷумла картошка, рӯёнидани се-чор ҳосил дар як сол, парвариши меваҳои ситрусӣ, зиёд кардани майдони гармхонаҳо ва ташкили сардхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

60
Барчаспҳо:
камшавӣ, зироат, картошка, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон