Рустам Эмомалӣ. акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ қарор кард, ки дар назди раиси шаҳри Душанбе шӯрои дигаре таъсис ёбад

155
Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин бо мақсади мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир таъсис меёбад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik.  Бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои машваратии назди Раиси  шаҳри  Душанбе  оид  ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин таъсис меёбад.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси шӯрои дигаре дар назди раиси шаҳр роҳандозӣ ва истифодаи технологияи муосир,  , фароҳам овардани шароити мусоиди техники технологӣ, баландбардоштани самаранокии фаъолияти Ҳукумати шаҳр тавассути ҷорӣ намудани тавассути технологияҳои иттилоотиюкоммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаву ташкилотҳо мебошад.   

Қарори мазкур аз ҷониби шаҳрдори Душанбе 18-уми августи соли равон ба тавсиб расид.

155
Барчаспҳо:
технологияи муосир, қарор, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон