Табибон. Акс аз бойгонӣ

Дар Суғд беҳтарин маркази табобатӣ муайян шуд

529
Дар маҷлисгоҳи мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони тибб ҷамъомади идона баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити мақомоти вилояти Суғд дар рафти ҷамъомад ғолиби озмуни "Маркази саломатии беҳтарин" эълом шуд.

Ба гузориши манбаъ беш аз 1000 нафар ба дастгирии маркази саломатии "Оббурдон" овоз додаанд.

Дар паи овоздиҳӣ Маркази саломатии "Оббурдон" ғолиби озмуни ноҳиявӣ дониста шуда, ба сарвари ин марказ диплом, ҷоиза ва туҳфаи хотиравӣ эҳдо гардид.  

Пештар хабар додем, ки дирӯз ба ифтихори зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва  рӯзи "Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон" дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Маркази  таълимиву илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия" ифтитоҳ шуд.  

Ин марказ дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркардаи рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ (фасовка), таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, асептикӣ, истеҳсоли оби муқаттар, таҷҳизоти муосир мебошад.

529
Барчаспҳо:
беҳтарин маркази табобатӣ, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Размоиши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Суғд анҷом ёфт
Дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад
Чаро?!: дар Суғд чанде аз сохтору идораҳо аз ташкили нишасти расонаӣ даст кашиданд
Нигаронии раиси вилояти Суғд аз олудагии оби каналҳо
Пешгирии қочоқи 553 адад телефони "Samsung Galaxy" дар Суғд