Шодихон Ҷамшед ва раиси вилояти Суғд Қодирӣ

Боздиди Шодихон Ҷамшед аз шаҳраки навбунёди Сайҳун

286
(Таҷдидшуда 04:24 31.08.2017)
Дар чаҳорчуби Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва ҳамроҳонаш аз шаҳраки тозабунёди Сайҳун боздид карданд

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, меҳмононро муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода ва Анвар Яъқубӣ дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.

Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз шаҳракаи навбунёди Сайҳун
© Фото : Аз равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд
Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз шаҳракаи навбунёди Сайҳун

Ба раиси ВМКБ иттилоъ додаанд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар таи чанд соли охир дар дашти Сомғор ба азхудкунии заминҳо оғоз бахшида шуда, аллакай дар марҳилаи аввал зиёда аз 1,5 ҳазор гектар боғи нав бунёд ва беш аз 7,5 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

"Имрӯзҳо аз ҷониби сокинон бунёди хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад", —омадааст дар хабарнома.

Ҷиҳати таъмин намудани шаҳрак ва майдони боғот бо оби полезӣ аз дарёи Сир об бароварда шудааст. Ҳамаи боғҳо бо усули обёрии қатрагӣ обёрӣ карда мешавад. Ниҳолҳои 2 сол қабл шинонидаи ин майдон аллакай ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ намуда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.

Раиси вилояти мухтори Куҳситони Бадахшон бунёди шаҳрак ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаро иқдоми бузург унвон карда, таъкид дошт, ки минбаъд ин ташаббус боиси таъмини шаҳрвандон бо манзили зист ва ҳамзамон ҷойи корӣ мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки шаҳраки мазкур барои 250 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, майдони боғот то ба 7 ҳазор гектар расонида хоҳад шуд.

286
Барчаспҳо:
ҳафтаи фарҳангии Бадахшон, боздид, Шодихон Ҷамшед, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
Мавзуъ
Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона
Барномаи фарҳангии бадахшониҳо дар Суғд: аз намоиши театрӣ то рақсу суруд
Фарҳангиёни Бадахшонро дар Суғд бо нону асал пешвоз гирифтанд
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

59
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

59
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

1494
(Таҷдидшуда 21:59 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

1494
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор