Бо мақсади шиносоӣ бо соҳаи картошкапарварӣ: Раисҷумҳур ба деҳаи Ромит рафт

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон рядом с детьми
Президент РТ Эмомали Рахмон рядом с детьми - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сафар кард

ДУШАНБЕ, 27 авг- Sputnik.  Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон ба деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат сафар кард. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуд.

Майдони умумии мавзеъи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол — баҳору тобистон сабзпӯш мебошад. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.

Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, руди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбуриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст.Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад. Аз ин ру Сарвари давлат дастур дода буданд, ки барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, ҳадаф аз сафари кории навбатии раисҷумҳур ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи "Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020", занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.

"Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбуриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбуриасал ба мавзеи Канаск дастрас кард",- омадааст дар гузориш.

Дар мавсими кишту кор аз ҳисоби Корхонаи воҳиди Давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"- и вазорат зиёда аз 13 адад техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ба мавзеи Канаск сафарбар гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ, шудгор ва кишт ба анҷом расонида шуд. Дар мавзеи Канаск соли 2017 дар майдони 200 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 176 гектар картошка дар кишти асосӣ, наздики 4 гектар сабзавот ва 20 гектар картошкаи барвақтӣ мебошад. Аз ин миқдор замин Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи тухмиҳои худӣ ба иҷоракорон ва ба як қатор мақомотҳои давлатию маҳаллӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ 35 гектар картошка кишт пешниҳод кард.

Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 ба 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеъи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои водии вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор истифода мегардад.

Лентаи хабарҳо
0