Дар ноҳияи Муъминобод ронандаи "Мерседес" бо 24 кг маводи нашъаовар боздошт шуд

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкУничтожение крупной партии наркотиков, архивное фото
Уничтожение крупной партии наркотиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба — барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда будааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон  дар ҳудуи ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон автомашинаи тамғаи "Мерседес"-ро таҳти идораи сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздоштанд. 

Тавре Оҷонсии назорати маводи нашаъовари нади раиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бағоҷ ду борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи алафи хушккардашудаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии оҷонсӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумии он 24 кг 550 гр мебошад.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба — барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда будааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, идома доранд.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии оҷонсӣворид карда шуд.    

Лентаи хабарҳо
0