Маблағ, акс аз бойгонӣ

Сардори шуъбаи милиса дар Кӯлоб барои боз накардани парванда 4000 сомонӣ ришва талаб кард

84
Сардори милиса аз ин маблағи 600 сомониашро гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро талаб намудааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бахтиёр Қаландаров- сардори шӯъбаи милитсияи деҳоти Зиракии ШВКД шаҳри Кӯлоб аз шаҳрванде барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст, иттилоъ медиҳад Ожонси мубориза бо фасод. Номбурда аз ин маблағ 600 сомониашро гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро талаб намудааст.

   Бино бар иттилои манбаъ, Қаландаров ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 3400 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи мазкур ҳамчун далели шаъӣ ёфта, гирифта шуд.

    Нисбати Қаландаров Бахтиёр Искандарович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

84
Барчаспҳо:
ришва, сардори шӯъбаи милиса, Тоҷикистон
Жители Душанбе на улице в масках

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

356
(Таҷдидшуда 21:06 29.11.2020)
Давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11559 (95,1%) баробар гардид

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12155 нафар расид, гузориш медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 29 ноябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  12155 нафар расид.

Гуфта мешавад, давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11559 (95,1%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд.

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

356
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Абдувоҳид Ҳоҷиев, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия даргузашт

Даргузашти Ҳоҷиев - собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия

834
(Таҷдидшуда 21:01 29.11.2020)
Дар Маскав дар синни 81-солагӣ собиқ сиёсатмадори тоҷик ва собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия Ҳоҷиев Воҳид даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар бораи даргузашти Воҳид Ҳоҷиев, корманди Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Мусалмон ҳангоми дуо, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Александр Полегенько

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳоҷиев имрӯз дар синни 81-солагӣ дар Маскав вафот кард.

Ҳоҷиев соли 1939 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Собиқ котиби авали ноҳияи Фрунзе, ноҳияи Ленини шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода буд.

Дертар  ба ҳайси мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия кор кардааст.

Воҳид Ҳоҷиев то имрӯз дар Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия кор мекард.

Дар бораи далели даргузашти ӯ иттилое нест.

Генерали 72 сола, собиқ сарҳадбон: Ҷаббор Ҳомидов даргузашт

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷиевро корбарон чун сиёсатмадори хуб ва инсони нек тавсиф мекунанд.

834
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, даргузашт

Бадтар аз коронавирус: пизишки рус эмидемияи нави мудҳишеро пешбинӣ мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:08 29.11.2020)
Доктор Александр Мясников, пизишки номии рус эпидемияи мудҳишеро, ки бадтар аз коронавирус хоҳад буду ҷони нафарони зиёдеро хоҳад бурд, пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба ҷаҳон хатари эпидемияи нави ҷиддие, ки қурбониёни зиёде хоҳад дошт, таҳдид мекунад, пешбинӣ мекунад пизишк Александр Мясников, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳамагирии навбатӣ бадтар аз коронавирус хоҳад буд.

Дар робита бо ин, ӯ даъват кардааст, ки як васкини универсалӣ таҳия шавад.

"Масъалан, ваксинаи универсалӣ аз зуком - ба мо маҳз он (эпидемияи зуком - идора) - зукоми хук ё парранда таҳдид мекунад. Тавре вирусшиносҳо менависанд: эпидемияи ҷиддӣ бо мутатсия шудани вирусҳои мову ҳайвон таҳдид мекнунад", - гуфтааст доктор Мясников.

Ба гуфтаи вай, мутатсияи аввал ин гузаштани вирус аз ҳайвон ба инсон ва сипас аз инсон ба инсон мебошад.

Вай афзуд, ки барои коркарди ваксин вақти зиёде талаб мешавад.

Агар ин вирус зуҳур кунад, марг аз он то 40 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки то пайдо шудани ваксина аз он даҳҳо миллион нафар мемиранд.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Ӯ даъват кардааст, ки тамоми олимони ҷаҳон қувваашонро сарф намудаву маблағи зиёде сармоя карда, ин ваксинро бояд сохт.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон