пас аз сарозер шудани худрав дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ

ВКД иллати садамаи маргбори роҳи Роштқалъа - Хоруғро тавзеҳ дод

284
(Таҷдидшуда 12:16 29.08.2017)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон далели садамаи нохушеро, ки рӯзи гузашта дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ рух дода буд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон далели садамаи пурқурбониеро, ки рӯзи гузашта дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ рух дода буд, шарҳ дод.

Тавре сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели чаппа шудани худрав афтидани кӯҳпора шудааст.

Бино бар гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, ҳангоми ҳаракат ба чархе пеши худрави  "Старекс" санге меафтад ва худрав лағжида ба рӯд сарозер мешавад.

Ӯ афзуд, аҳволи се ҷабрдида, ки дар бемористон бистарӣ шудаанд, муътадил арзёбӣ мешавад.

Рӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ даҳ тан аз мусофирони  "Старекс" ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса соати 7:30-и субҳи 28-уми август рух додааст.

Дар дохили микроавтобус 13 мусофир, аз ҷумла, 4 кӯдак қарор доштанд, ки дар пайи тасодум 10 тан, аз ҷумла 4 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи худрав айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.

284
Барчаспҳо:
қурбонӣ, нақлиёт, садама, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон