Денежные купюры, архивное фото

"Командир" дар Исфара билети сарбозиро 1800 дулор нарх гузошт

65
(Таҷдидшуда 20:28 31.08.2017)
Ожонси мубориза бо фасод як корманди Комиссариати низомии Исфараро дастгир карда, ки аз як шаҳрванди Тоҷикистон барои озод карданаш аз анҷоми хидмати низомӣ 1800 дулор ришва хостааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти як корманди Комиссарати низомии шаҳри Исфара ба иттиҳоми ришваситонӣ аз як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.

Ин ниҳод номи шаҳрвандро ошкор накарда, вале гузориш дода, ки аз як корманди Калонтарии низомӣ, ки "Командир" номида мешудааст, шикоят дарёфт кардаанд. Шикояткунанда гуфтаст, "Командир" барои озод кардан аз хидмати низомӣ аз вай 1800 дулор ришва талаб дорад.

Ожонс дар паи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҳувияти "Командир"-ро ошкор карда, ки Эгам Эгамов ном корманди Калонтарии низомӣ буда ва ӯро ҳангоми дарёфти 1800 дулор боздошт мекунад.

"Нисбати Эгамов Эгам Худойбердиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд", — гузориш додааст Ожонси фасодзудо.

65
Барчаспҳо:
командир, ришва, боздошт, Ожонси зидди фасод, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раиси ожонс: миёни хидматчиёни давлатӣ теъдоди занҳо низ афзудааст
Муъовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасод ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум шуд
Раиси Ожонси мубориза бо фасод овозаҳои боздошти кормандонашро, ки гӯё аз рӯи хусумат буда, бепоя хонд
Мудири бонк ба иттиҳоми ришва додан ба корманди Ожонси мубориза бо фасод дастгир шуд
“Пул бидеҳу сарбозӣ нарав”: Ожонси мубориза бо фасод пизишки ришваситонро боздошт кард
Алӣ Ализод: Боздоштҳо дар Ожонс оғози фасодзудоии густарда дар Тоҷикистон аст
Хилватшоҳ Маҳмуд: “Ожонси мубориза бо фасод баста шавад”
Боздоштҳо дар Ожонси назорати молӣ: муборизон бо фасод худ фосид будаанд?