"Айфон-6"-и сокини Душанберо нимашаб дар фурудгоҳи пойтахт кӣ дуздид?

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкiPhone 6 и iPhone 6 plus
iPhone 6 и iPhone 6 plus - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ВУД Тоҷикистон як сокини Душанбе шикоят бурдааст, ки дар пайдо намудани дузди телефони ҳамроҳаш мусоидат кунад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 31-солаи Душанбе ба ниҳод шикоят бурдааст, ки нимашаб дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе касе Айфонашро рабудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сокини Душанбе гуфтааст, ҳангоми дар назди даромадгоҳи терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш 1-адад телефони мобилии тамғаи "Айфон-6", ки арзиши умумиаш 5 ҳазору 280 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Милисаи шаҳри Душанбе ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-солаи сокини пойтахтро дастгир кардааст, ки пештар низ зиндон шуда будааст.

Лентаи хабарҳо
0