Ҷойи Назарзодаро дар Китобхонаи миллӣ кӣ гирифтааст?

© Сомонаи Сайфиддин НазарзодаМудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода
Мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдусалом Мирализода аз 15-уми августи соли 2017 бо як амри раисҷумҳури Тоҷикистон мудири Китобхонаи миллӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Абдусалом Мирализода   22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Омӯзгор, физик, доктори илми педагогика, профессор (соли 2006), Аълочии маорифи халқ (соли 1997); Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008).

Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши теъдоди асарҳои нодир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Фаъолияти корӣ: лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988); муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (соли 1988); раиси Иттифоқи касабаи муаллимон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (солҳои 1988-1992); мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (солҳои 1992-1994); аспиранти ДДТ (солҳои 1994-1997); мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДМТ (солҳои 1995-2004); декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (солҳои 2004-2006); мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011); сардори раёсати таълими ДМТ (соли 2011); муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим (аз соли 2012 то 15.08.2017).

Бо Амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2017 директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" таъйин карда шуд.

Соли 1997 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи "Асосҳои иҷтимоию педагогии омодасозии хонандагон дар интихоби касб" ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи "Системаи педагогии омодасозии донишҷӯён дар ташкили раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон" сарбаландона дифоъ намудааст.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Мирализода А.М. такмили маҳорати касбии муаллимони мактабҳои олӣ, касбинтихобкунии донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон мебошад.

Муаллифи 3 монография, 2 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 8 дастури методӣ ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ мебошад.

Мирализода  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" (соли 2008) ва аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 1996) сарфароз гардидаст.

Ёдовар мешавем, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода 15-уми август  пас аз гузориши телевизиони Тоҷикистон дар бораи нақзи қонуни танзим бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташ барканор шуд.

Аммо худи Сайфиддин Назарзода бо гузорише дар саҳифаи расмиаш изҳор дошт, ки гузориши телевизиони Тоҷикистон ҳасад ё бухл аст ва ӯ қонунеро нақз накардааст.

Баъдат расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Сайфиддин Назарзода телевизиони Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидааст. Аммо як манбаи Sputnik Тоҷикистон ин иттилоъро рад кард ва аз шарҳи бештари он худдорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0