ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба гузориши ВКД ҶТ, дар остонаи Рӯзи истиқлол имрӯз, 6 сентябр бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Деҳқонони ноҳияҳои Панҷиканд, Ҷайҳун, Шаҳринав, Хуросон, Турсунзода, Вахш, Бохтар, Варзоб, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар корхонаву ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи арзон ба милисаҳо пешкаш карданд.
Тибқи маълумоти манбаъ нахрҳои ин ярмарка аз баҳои маҳсулоти бозорӣ аз 30 то 40 фоиз арзонтар будааст.
Чунончи як килу гушт 20 сомонӣ, як килу биринҷ 5 сомонӣ, як килу себзаминӣ 1 сомону 50 дирам, пиёз ва помидор 1 сомонӣ, як дона тарбуз ва ё харбуза 5 сомонӣ, як дона тухм 50 дирам нарх доштааст.
Ин нахустин намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои милисаҳо набуда, дар остонаи иди Рамазон ҳам барояшон маҳсулоти нисбатан арзон пешкаш шуда буд.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.
Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.
Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.
ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт
Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.