Ҳодисаҳои 10-17-уми феврали соли 1990

Таърихи истиқлол: Тоҷикистон чӣ гуна мустақил шуд

4170
(Таҷдидшуда 15:26 10.09.2017)
26 сол қабл - 9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қонун дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул гардид. Sputnik Тоҷикистон дар бораи қадамҳои аввалини истиқлоли кишвар нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Коршиносон мегӯянд дар Тоҷикистон бори аввал аз истиқлол намояндагони насли ҷавони зиёӣ садо боло карданд. Онҳо дар солҳои 80-ум дар маҳфилҳо ва иттифоқҳои гуногун ҷамъ меомаданд.

Масъалаи асосие, ки он вақт ба миён омад — ин  забон буд. Аллакай дар охирҳои моҳи феврал, аниқтараш 25-уми феврали соли 1989 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон митинг ташкил шуд. Ширкаткунанлагон талаб карданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

Ҳукумат, аз авзои ҷавонон дар ташвиш буд. Барои ҳамин ба онҳо  майдонеро пешниҳод кард, ки онҳо фаъолона баромад намуда, масъалаҳоро муҳокима намояд, ақидаҳои хешро пешниҳод кунанд. Ба ҳамин роҳ ҳукумат авзои ҷавононро зери назорати худ гирифт.

Духтарон дар ҷашни Наврӯз
© Фото : Официальная страница президента РТ в Facebook

Ҳамон вақт дар асоси Кумитаи марказӣ камсамол маҳфили муҳокимавии "Рӯ ба рӯ" ташкил карда шуд. Роҳбари он яке аз фаъолони комсамоли он вақта, ки ҳоло мушовири калони президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Саидов мебошад.

Ҳамин тавр исёни ҷавонон зери назарат гирифта шуд, маҳфил бошад дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолияти худро паҳн намуд. Бо баробари он назди Донишгоҳи давлатӣ ҳаракати халқии  "Ратохез" ташкил  шуд.

Пешниҳодҳои  ин ҳаракат ба ғайр аз масъалаи забон "тасдиқи ҳақиқии мустақилияти Тоҷикистон дар чорчӯбаи Иттифоқи озод ва васеъ" буд.  Маҳз анаҳамин қадамҳо  ҳарчанд кӯчак буданд, аммо аввалин фароштурук, аввалин қадам ба худшиносӣ ва истиқлолияти оянда шуданд.

Аммо, баъдан ба сари тоҷикон рӯзи сиёҳ- солҳои 1990-ум омад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Аввали анҷом

Маъмулан,  ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990- ро аввали мухолифат, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ бурда расонид, мешуморанд. Сабабҳои ин ҳодисаҳо аслан сару садоҳо гардиданд. Дар Душанбе овозаҳо паҳн гардид, ки Тоҷикистон арманиҳои гурезаи зиёдро, ки пас аз заминларзаи сахт аз ватан фирор намуданд, ҷой додааст.

Мегуфтанд, ки ҳукумат қарор қабул кардааст, ки бе навбат ба онҳо хона диҳад.  Дар асл онҳо 47 нафар буданд ва касе аз онҳо то ҳол хона гирифта набуд.

Аммо ғазаби халқро паст карда натавонистанд, дар натиҷа 10-уми феврали соли 1990 гурӯҳи ҷавонон бо истилоҳ "торумори арманӣ" барпо намуданд. Рӯзи дигар бошад дар назди бинои КМ ҲКИШ митинг барпо намуданд ва иштирокчиёни он талаб карданд, ки арманиҳоро аз кишвар берун кунанд.

Дар пойтахт шитобкорона дастаҳои мудофиавӣ ташкил мешуданд, ҳама аз ҳама паноҳ мебурданд. Маълум набуд, ки душман кист. Он вақт тавонистанд, ки пеши носаросомониҳоро гиранд, аммо  дар се рӯз 20 нафар кушта шуд ва 600 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Барои ҳукумат оқибатҳои он садамаовар буд. Аъзоёни роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон- котиби аввали КМ Ҳизби коммунистӣ Қаҳҳор Маҳкамов, роҳбари Шӯрои вазирон Изатулло, Ҳаёев Раиси Раёсати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев истеъфо доданд, аммо пасон онро маҷлиси умумӣ (пленум) Кумитаи Ҳизби коммунистӣ қабул накард.

Ба даст овардани истиқлолият

Эъломияи  соҳибихтиёрӣ 2 нусха буд. Якеашро ҳукумат омода кард, дигарашро гурӯҳи мутахассисони ҳаракати "Растохез" тайёр карданд.Ҳар ду нусха ҳам аз нашр бароварда шуда, ба муҳокимаи омма гузошта шуд. Соли 1990 бошад  онҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии навбатӣ муҳокима карда шуданд.

Пешвои ҳаракати "Растохез" дар назди вакилон баромад намуда, намунаи эъломияи худро пешниҳод намуд. Ғояи асосии он ба таври зерин таҳия гардида буд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд мебошад".

Аммо пешниҳоди вай қабул нагардид ва дар натиҷа ҷаласа ҳама якдилона эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул карданд.

Дар он эълон карда мешуд, ки "ҶШС Тоҷикистон,  ба ғайр аз он масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияи Иттиҳоди Шӯравӣ медиҳад дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣва фарҳангиро ҳал мекунад".

Аммо дар ин эъломия қайд карда мешуд, ки Шӯрои Олии ҷумҳурӣ салоҳият дорад, ки амали ҳуҷҷатҳои Иттиҳоди Шӯравиро, ки ба қонун ва ҳуқуқҳои Тоҷикистон мухолиф бошад, қатъ гардонад.

Ғайр аз он дар он аввалин бор мафҳумҳои ҳокимияти қонунӣ, иҷрокунанда ва судӣ ҷорӣ карда шуда буд. Он ҳамчунин дар бораи баробар будани ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва оммавӣ сухан мекард.

Санаи 19-уми август дар бораи ташкил шудани Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқуллода(КДҲФ) эълон гардид, санаи 22 август бошад президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба халқ рӯй оварда гуфт: "Вазъи сиёсии дар кишвар ба амал омада тавозуни амиқ ва дурандеширо талаб мекунад, бояд тақозопазир буд… Мо чун пештара зарур мешуморем, ки ҳам  барои халқи кишвар ва ҳам барои ҷамъияти ҷаҳонӣ ҳифз намудани Иттиҳоди Шӯравӣ  зарур аст. Мехоҳем ба зуддӣ Шартномаи Иттиҳод ба имзо расад… "

Санаи 29-30 август дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии парлумон ифтитоҳ гардид. Баробари он дар пойтахт барпо шудани митингҳо сар шуданд, ки иштирокдорони он истеъфои роҳбарияти кишвар ва эълон намудани истиқлолиятро  талаб мекарданд. Дар зери фишор Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт.

Мавҷи эътирозҳо он вақт на танҳо Тоҷикистонро дар бар гирифта буд, балки бисёре аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро аз худ карда буд. Он давлатҳо яке паси дигаре  аз узви Иттиҳод берун мешуданд ва эъломияи истиқлолияти худро қабул мекарданд.

Тоҷикистон қарор "Дар бораи истиқлолият"-ро санаи 9 сентябри соли 1991 бо таҳияи "Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад" қабул кард.

На бояд чунин мешуд

 14-уми сентябр иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов, дар телевизион баромад намуда, эълон кард, ки "истиқлолияти эълонгардида таҷдиди назари ҳар яки моро дар масъалаи устуворгардонии баромадан аз бӯҳронро талаб мекунад. Мо бояд дарк кунем, ки ҳоло на танҳо як ҷумҳурӣ ҳастем, балки тамоми ҷаҳон моро назорат мекнад, ки чӣ гуна иқтисод, фарҳанг ва рӯҳияи миллии хешро рушд медиҳем. Ҳоло на бояд ба тақсимшавӣ ва парокандагӣ бо нишонаҳои ҳудудӣ, хешӣ ва миллӣ роҳ дод… Ҳоли кишвари хело ҷавони мо дар назди имтиҳони камолот қарор дорад. Мо агар ғаразҳои гурӯҳи ва афзалиятҳои маҳалгароиҳои худро як сӯ гузорем, онро пушти сар хоҳем кард…".

Аммо як сӯ гузоштани тамоюлҳои шӯҳратпарастӣ ва маҳалгароӣ дар амал татбиқ нашуд. Ҷомеа ба қисмҳо ҷудо гардид ва пас аз чанд моҳ Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҷанг ҳудуди 60 ҳзр нафарро ба коми хеш кашид, аммо шумораии аниқи онро касе намедонад.

4170
Барчаспҳо:
истиқлол, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Главный корпус больницы Истиклол

Поёнравӣ ё оромии қабл аз тӯфон: дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ хабар аст?

5
(Таҷдидшуда 02:13 25.05.2020)
Маҷмӯаи иттилооти дасти аввал аз шифохонаҳо нишон медиҳад, ки шуюъи “вируси корона” дар Тоҷикистон сайри нузулӣ дорад. Аммо мутахассисин мегӯянд, барои кафкӯбӣ кардан ҳанӯз вақт ҳаст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Масъулини дасти кам 10 шифохонаи шаҳру навоҳӣ ва вилоят ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки теъдоди маризон рӯ ба коҳиш оварда, утоқҳои табобатӣ холӣ мешаванд.

Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, 23 май, вазири тандурустӣ ба вилояти Хатлон сафар дошт, то бо вазъ дар маҳалҳо ошно шавад.

Вай афзуд, бино ба иттилое, ки сардухтурон дар ихтиёри вазир гузоштанд, тайи рӯзҳои ахир теъдоди назарраси маризон шифо ёфта, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

“Масалан, дар шифохонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ чор мариз бистарӣ буданд. Ҳамин гуна вазъ дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар, маркази вилоят низ мушоҳида шуд. Дар умум аз садҳо нафаре, ки тайи 20 рӯзи ахир дар шифохонаҳои ин вилоят таҳти тадовии табибон буданд, ҳудуди 200 нафар боқӣ мондаанд. Инҳо ҳам ба зудӣ рухсат хоҳанд шуд”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустӣ, дирӯз аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе дар умум 500 нафар, ки бо маризиҳои мухталиф, аз ҷумла “вируси корона” ва “пневмония” бистарӣ буданд, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар корпуси 2 – и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон - "Шифобахш", маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, ҳамагӣ 4 мариз бистарӣ буданд ва дар корпусҳои 4, 6, 8 ва кардиологияи ин марказ, ки тақрибан 500 нафар табобат мегирифтанд, се рӯз ба ин сӯ касе бистарӣ нашуда, теъдоди онҳое, ки таҳти назоратанд, аз 100 поён шудааст.

Бино ба манобеъи мо, бештари маризон ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” муроҷиат мекунанд ва он ҷо низ теъдоди муроҷеин аз садҳо нафари даҳаҳои аввалу дуюми моҳи равон ба 20 – 30 нафар коҳиш ёфта, рӯзщои ахир то 30 - 40 нафар аз шифохона рухсат мешаванд.

Омори мудҳиш: шумори гирифторини COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Вазъи ҳамсон дар Шифохонаи маризиҳои сироятӣ ва ҳам Маркази гастроэнтрологияи Душанбе низ мушоҳида мешавад. Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳуриро низ рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ кард.

“Хушбахтона, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қиёс бо дигар вилоёт садамаи камтар расида, ҳоло теъдоди маризон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Иттилое, ки аз Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар ихтиёри мо гузошта мешавад, низ аз поёни омадани мавориди сироят ва фавт ривоят мекунад”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Ду – се рӯз пас

Вилояти Суғд, ки дар баробари пойтахт – Душанбе дуввумин нуқтаи доғи шуюъи “вируси корона” ба ҳисоб мерафт, низ ҳоло шоҳиди беҳбуди вазъ аст.

Ҳанӯз 20 май хабаргузории “Ховар” аз коҳиши муроҷиати маризон ва тадриҷан холӣ шудани шифохонаҳо дар ин вилоят хабар дода буд. Яке аз минтақаҳои доғ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, дирӯз 24 май, охирин гирифторонро рухсат намудааст.

Вазъ дар Хуҷанду Истаравшан, шаҳрҳое, ки мавориди бештари гирифторӣ ба “вируси корона” ва “пневмония” – ро таҷриба кардаанд, низ аз ҳамин қарор аст.

Як манбаъ дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, ки бори аслии табобати маризони вазнинро мекашид, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, то чанд рӯзи дигар ин шифохона холӣ хоҳад шуд.

Нигора Наимҷонова, муовини раиси Истаравшан як рӯзи қабл, 24 май, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Шифохонаи марказии шаҳр ҳудуди 30 нафар табобат мегиранд.

“Муроҷеъин кам шудаанд ва умедворем, ки то ду – се рӯзи дигар тамоми маризон рухсат шаванд. Аз сӯи дигар, онҳоеро, ки ҳолати сабуку миёна доранд, тариқи гаштҳои хонагӣ ошкор намуда, духтуронро масъули нигоҳубини онҳо кардаем”, - гуфт Нигора Наимҷонова.

Иттилоъе аз ин қабилро дар Шифохонаи марказӣ ва Маркази физиотерпевтии воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шоҳиди аввалин мавориди расонаишудаи маргумирҳо аз “пневмония” буданд, низ дар ихтиёри мо гузоштанд. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 18 ноҳияи вилоят ҳудуди 400 нафар таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

“Ҳолати аксарияти кул рӯ ба беҳбудӣ оварда, мавориди вазнин хеле кам шудаанд. Теъдоди фавт низ сахт коҳиш ёфта, ин умедворӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба ҳамин қарибӣ вилоят аз ин вабо озод шавад”, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

“Мавҷи дуюм”

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо коҳиши муроҷиати маризон ба шифохонаҳои Тоҷикистонро ҳанӯз анҷоми ин набарди пур аз талафот бо “вируси корона” намебинанд.

Ба қавли онҳо, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки сайри нузулӣ ё коҳиши мавориди гирифторӣ ҳанӯз комилан аз миён рафтани “вируси корона” буда наметавонад. “Эҳтимол дорад, ки ба истилоҳ, “мавҷи дуюм” моро дар пеш бошад.

Аз ин хотир, мардум набояд фирефтаи ахбори хуш шаванд, балки ҳамоно аз эҳтиёт кор гиранд, пойбанди қавонини беҳдоштиву гигиенаи шахсӣ ва дар хона бимонанд.

Агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, тақрибан 20 рӯзи дигар зарур аст, то бигӯем, ки кор тамом шуд ва итминони хотир пайдо кунем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, оморе, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24 май нашр кард, ҳикоят аз коҳиши ками мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” мекунад.

Бино ба ин манбаъ, аз соати 17 – и рӯзи 22 ба ҳамин соати 23 май дар кишвар 191 (рӯзи қабл 187) ҳолати нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда, теъдоди умумии ибтило ба 2929 маврид расидааст. Масъулин мегӯянд, ин натиҷаи санҷиш ё тестҳоест, ки як ҳафтаи қабл гирифта, ҳоло таъйид шудаанд ва ин бозгӯи вазъи рӯзҳои ахир нест.

5
Плоды масличной пальмы

Воридоти равғани палм ба Тоҷикистон манъ шуд

308
(Таҷдидшуда 17:12 24.05.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон ба ниҳодҳои назоратӣ санади дахлдор дар барои мамнуияти воридоти равғани палм ба ин кишварро ирсол кард

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Лоиҳаи қонун дар бораи мамнуияти воридоти раввғани палм аз тарафи парлумони Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Тибқи ин лоиҳа, воридоти анвои намуди равғани палм ба Тоҷикистон мамнуъ мебошад ва танҳо дар сурати истифода ба унвони маводди мавриди ниёз дар тавлиди маҳсулот, ба миқдори маҳдуд иҷозат хоҳад буд.

Ба Хадамоти давлатии гумрук, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон дастур дода шуда, ки назорат бар раванди воридоти равғани палмро шиддат бахшанд.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоте, ки дар таркиби онҳо равғани палм истифода шуда танҳо пас аз озмоиш ва мушаххас шудани зарарнок набудани мизони ин намуди равған барои саломатии шаҳрвандон имконпазир хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2019 Созмони ҷаҳонии беҳдошт равғани палмро барои саломатии инсон зараровар эълом кард ва дар радаи сигор ва маводи спиртӣ қарор дод.

308
Барчаспҳо:
воридот, санад, назорат, равған, Тоҷикистон