Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур қитъае аз роҳи "Кӯлоб-Қалъаи Хумб"-ро ифтитоҳ кард

146
(Таҷдидшуда 18:22 13.09.2017)
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо мудири Бонки Исломии Рушд қитъаи "Шӯробод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб Қаъаи Хумбро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи "Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин"-и роҳи мошингарди "Кӯлоб-Қалъаи Хумб" оғози расмӣ бахшид.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.

Дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ меафзояд,  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

"Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин  Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи "Шӯрообод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумбро дар фазои тантанавӣ мариди баҳрабардорӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар иттилоъ.

Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу — Дабӣ ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 85 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011-ум расман сохтмони роҳро оғоз бахшида буд.

146
Барчаспҳо:
ифтитоҳи роҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
На улице в городе Душанбе, архивное фото

Гармии тоқатфарсо: ҳавошиносон дақиқ гуфтанд имрӯз то чанд дараҷа гарм мешавад

6
(Таҷдидшуда 10:58 06.07.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

6
Барчаспҳо:
гармӣ, бебориш, камабр, обу ҳаво, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

105
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

105
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон