БДА Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эй сорбон ҳушёр бош: ВУД ронандаи мастро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

121
(Таҷдидшуда 09:17 20.09.2017)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пас аз бозбинии Қонуни ҷиноии маъмурии кишвар номи нахустин ронандаеро мунташир кард, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони худрав нишаст. Ӯро барои 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум ва 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Пас аз ислоҳи Қонуни ҷиноии маъмурӣ, муҷозоти ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони худрав менишинанд, сангинтар шудааст. Акнун қонун пешбинӣ мекунад, ки дар чунин ҳолате ронанда 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум ва 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шавад. Пештар ронандаҳои маст 2 сол бе гувоҳии ронандагӣ мемонданд.

Бино ба гузориши маркази матбуотии ВУД ҶТ, нахустин ронандае, ки пас аз ислоҳи қонун онро шикаставу дастгир шуда Авазбек Абдумаҷидов аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аст.

Абдумаҷидов дар ҳолати мастӣ ва бе гувоҳии ронандагӣ ба идораи нақлиёт машғул шудааст. Раёсати БДА ӯро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, барои 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард.

Ҳамчунин дар феҳристе, ки ВУД ҶТ мунташир кардааст, ному насаби 13 шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст, ки ба ҷурми ронандагӣ бе доштани гувоҳинома дар кулл 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

121
Барчаспҳо:
сархушӣ, нақлиёт, БДА, ронанда, Тоҷикистон