Ҷашнвораи оши палав дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Грантҳо ва шаҳрвандони ифтихорӣ: 23 сентябр Рӯзи Хуҷанд таҷлил мешавад

55
(Таҷдидшуда 16:55 20.09.2017)
Дар ин рӯз дар пойтахтии шимолии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуда, шаҳрвандони ифтихории Хуҷанд ва маҳаллаи беҳтарини ин шаҳр интихоб мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 23-сентябр шаҳри хуҷанд ба майдони ҷашнӣ табдил меёбад.

Рӯзи 23-юми сентябр, соати 17:00 дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.

Дар ин рӯз хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

"Ҳамзамон озмуни шаҳрии "Маҳаллаи беҳтарин" натиҷагирӣ, унвони навбатии "Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд" ва ба 15 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.

Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин бори сеюм аст, ки ҳамасола санаи 24 сентябр чун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки бунгоҳи пажӯҳишҳои гардишгарии ТурСтат шаҳри Хуҷандро ба даҳгонаи шаҳрҳои қадима, ки ба далели осори торихӣ ва фарҳангияшон дар миёни ҷаҳонгардон номдор гаштаанд, ворид кардааст.

55
Барчаспҳо:
Рӯзи Хуҷанд, 23 сентябр, Хуҷанд
Мавзуъ
Намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд
Дар "Қалъаи Хуҷанд" ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад
Строительство нового дома в Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани сохтмонӣ дар Душанбе

12
(Таҷдидшуда 10:32 10.08.2020)
Дар пайи чаппашавии крани борбардор дар бинои навсохте воқеъ куча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

12
График роста, архивное фото

Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро барои солҳои 2021-2023 тасдиқ кард

15
(Таҷдидшуда 10:05 10.08.2020)
Интизор меравад, ки дар соли 2021 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон ба 92,684 миллиард сомонӣ (беш аз 9,104 миллиард доллар) хоҳад расид ва рушди воқеии он 7,6% пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро барои солҳои 2021-2023 тасдиқ намуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

"Тибқи ин дурнамо, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, интизор меравад рушди иқтисодии кишвар дар се соли оянда ҳадди ақалл 7,6%  боло равад", - омадааст дар изҳорот.

Интизор меравад, ки да соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 92,684 миллиард сомонӣ (беш аз 9,104 миллиард доллар) мерасад ва рушди воқеӣ 7,6% пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон тибқи пешбинҳо умед аст, ки дар соли 2022 ҳаҷми ММД 102,97 миллиард сомонӣ (10,1 миллиард доллар) пешбинӣ шуда, пешгӯии афзоиши воқеии он 7,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 интизор меравад, ки ҳаҷми ММД 115,84 миллиард сомонӣ (тақрибан 11,36 миллиард доллар) хоҳад буд, рушди воқеӣ 8% пешбинӣ шудааст.

Тибқи пешбинӣ, таваррум дар соли оянда 6,9% -ро ташкил хоҳад карда, дар соли 2022 суръати он то 6,8% коҳиш хоҳад ёфт, дар соли 2023 то 7,1% афзоиш хоҳад ёфт.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешава 

"Ин пешгӯиҳои макроиқтисодӣ бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, аз ҷумла вазъи иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон - Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбакистон таҳия шудаанд", - гуфтаанд, аз хадамоти матбуотӣ.

Гуфта мешавад, дурнамо оқибатҳои имконпазири иҷтимоию иқтисодии паҳншавии COVID-19, тағирёбии нарх дар бозорҳои ҷаҳонии молро ба назар мегирад.

15