Пожарная машина

Фаврӣ: Сӯхтор дар хобгоҳи донишҷӯён дар Душанбе

215
(Таҷдидшуда 17:44 24.09.2017)
Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян карда шуд, ки боми даромадгоҳи хобгоҳи мазкур оташ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз гузориш дод, ки дар хобгоҳи донишҷӯён дар Душанбе сӯхтор сар задааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  ҳодиса 22-юми сентябри соли равон, соати 20:11-дақиқа, дар боми даромадгоҳи хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи Давлатии Фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян карда шуд, ки боми даромадгоҳи хобгоҳи мазкур оташ гирифтааст.

Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст. 

"Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби коршиносон идома дошта, сабаб, зарар ва гунаҳгор муайян карда мешавад",- менависад мабаъ.

215
Барчаспҳо:
сӯхтор, Душанбе, Тоҷикистон
Кобилчон Гиёев

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

58
(Таҷдидшуда 13:28 01.06.2020)
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

58
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Ҷаласаи ситоди COVID-19: вазири тандурустӣ чӣ гуфт?

14
Дар нишасти ситод вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинононаш Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз нишасти навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар нишасти ситоди Вазорати тандурустӣ вазъи бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон таҳлил гардад.

Дар он вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода,  Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

"Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои президент  Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли ҷорӣ зимни вохурӣ бо кормандону роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод намуданд, ҷалб намуд", - таъкид мекунад манбаъ.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои назорати беморони гирифтори КОВИД-19, пурзӯр намудани фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ, таъмини беморхонаҳо  бо маводҳои доруворӣ ва назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазоарт дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазир шабона ба беморхонаҳо меравад: Абдуллозода ба гирифторони коронавирус худаш занг зад

 

 

14