Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин 2-то пул сохта мешавад

83
(Таҷдидшуда 19:17 23.09.2017)
Дар ин тарҳ ҳамворсозӣ ва тавсеъаи ҷодда, гузоштани 39 лӯлаи об, сохтусози рӯдҳои бетонӣ дар ду сӯи ҷодда ба тӯли 40 ҳазор метр, сохтусози зербиноҳои дифоъӣ ба тӯли 10 ҳазор метр ва соири сохтмонҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар чорчӯби ъамалӣ кардани тарҳи бозсозии қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳини ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб дуто пул хоҳанд сохта мешавад. Дар бора хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон маълум гардида буд, ки дар ин тарҳ ҳамворсозӣ ва тавсеъаи ҷодда, гузоштани 39 лӯлаи об, сохтусози рӯдҳои бетонӣ дар ду сӯи ҷодда ба тӯли 40 ҳазор метр, сохтусози зербиноҳои дифоъӣ ба тӯли 10 ҳазор метр ва соири сохтмонҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, барои амалӣ кардани ин аҳдоф 51 миллион масраф хоҳад шуд. Ин қитъаи ҷодда дар кулл 32 километр тӯл хоҳад кашид. Ин қитъа қисмати аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад ва бозсозии он ҳаракати муназзами сокинон ва афзойиши ҳамлу нақли колоҳоро таъмин хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ
© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Сохтусоз ва бозсозии ҷоддаи Кӯлоб-Қалъаи Хумбро аслан Бонки исломии тавсеъа, Сандуқи тавсеъаи Арабистони Саудӣ, Сандуқи қувайтии тавсеаи иқтисодии ъарабӣ, Сандуқи Абу Забӣ ва Сандуқи ОПЕК таъмини молӣ мекунанд. 

Ҳукумати Тоҷикистон низ дар таъмини молии ин ҷоддаи мошингард саҳми худро дорад. Арзиши кулли тарҳи "Сохтусоз ва бозсозии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаҳои A ва F" беш аз 115 миллион доллар мебошад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо мудири Бонки Исломии Рушд қитъаи "Шӯробод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб Қаъаи Хумбро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд.

Раисҷумҳур ба роҳсозон дастур дода буд, ки қисмати дигари роҳро мутобиқ бар стандартҳои байналмилалӣ бунёд кунанд.

83
Барчаспҳо:
пул, роҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

2
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

2
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон
День 15 августа

Ҷашнҳои рӯзи 14 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

24
(Таҷдидшуда 19:58 14.08.2020)
Рӯзи понздаҳуми август дар Русия аз Рӯзи бостоншиносон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз мардуми Ҳиндустон аз Рӯзи истиқлолияташон таҷлил мекунанд

Рӯзи 15 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1795 дар Фаронса пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.

День 12 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1908  ба занони Пруссия ҳуқуқи дар мактабҳои олӣ таҳсил намудан дода шуд.

Соли 1945 дар ИМА меъёри муқаррарнамуда барои фурӯши бензин ва равғани мошин бекор карда шуд.

Соли 1950 дар Иёлати  Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9- балла ба қайд гирифта шуд, ки  дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.

 

Национальная валюта Азербайджана манат. Архивное фото
© Flickr / byezdomny
Национальная валюта Азербайджана манат. Архивное фото

 

Соли 2002 ширкати ҳавопаймои америкоии "National Airlines" дар бораи қарори худ, ки 11 сентябри ҳамон сол ҳамаи мусофиронашро бо арзиши рамзии 1 доллари америкоӣ интиқол медиҳад, хабар дод.

Соли 1877 ихтироъкор  Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кард, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи "Нello" истифода бурда шавад.

Соли 1879 дар шаҳри Торонто аввалин Намоиши миллии Канада баргузор гардид

Рӯзи 15 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1935  аввалин  Спартакиадаи кӯдакони Тоҷикистон баргузор гардид.

День 14 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013  дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайраро баррасӣ намудан

Соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия  намоиши чоррӯзаи маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон, ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, хотима ёфт.

 

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ
© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ

 

Ҷашнҳои рӯзи 15 август

  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Конго – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Коста-Рика   –Рӯзи модар.
  • Дар Россия — Рӯзи бостоншиносон.

Рӯзи 15 август кӣ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст

Солҳои 1907-1978 – нависанда Ҳабибулло Назаров.

Солҳои 1913-1983 – тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ.

Соли 1919 – рассом, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Сироҷиддин Нуриддинов.

Солҳои 1936 -2011 – ҳунарманди театр ва кино Бурҳон Раҷабов.

Соли 1939 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Раҷаб  Ҳусейнов.

24
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон