Чархбол. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулл: мудири фурудгоҳи Хоруғ аз сактаи қалб даргузашт

211
(Таҷдидшуда 13:41 26.09.2017)
Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби даргузашти мудири фурудгоҳи шаҳри Хоруғро бемории қалб гуфтаааст

ДУШАНБЕ, 25 сентябри — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии додситонии кулли Тоҷикистон, Мақсудшоев Дилдорбек — мудири фурудгоҳи Хоруғ аз дарди қалб вафот кардааст.

Дар изҳороти расмии ин ниҳод омадааст, ки рӯзи 13-уми сентябри соли 2017, соати 10:30-дақиқа, мудири фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Мақсудшоев Дилдорбек ҳангоми дар сафари хизматӣ дар мавзеъи Яхчи-Сор, ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ қарор доштанаш, бо сабаби гирифтори бемории қалб ба сактаи дил гирифтор мешавад.

"Ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз интиқол доданаш Мақсудшоев дар роҳ вафот мекунад", — омадааст дар хабарнома.

Тибқи хулосаи пешакии мутахассиони соҳаи тиб сабаби марги Мақсудшоев сактаи дил мебошад.

Айни замон аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дарвоз санҷиши ҳодисаи мазкур давом дорад.

211
Барчаспҳо:
марги мудири фурудгоҳ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҳодисаи нохуш: далели ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ муайян шуд