Дастури Рустам Эмомалӣ барои пешгирӣ аз гарон шудани нархи картошкаву ҳезум дар зимистон

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе масъулинро вазифадор кард, ки бо мақсади пешгирии болоравии молу маҳсулот ҳамкориҳоро бо хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷоннок кунанд

ДУШАНБЕ, 26 сен- Sputnik. Тавре шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, дирӯз Ҳукумати шаҳр бо роҳбарии шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар иҷросия шаҳрдори Душанбе, муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон,  дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои се вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ава таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67  ва тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе ворид шуданд.

Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ вакилони Маҷлиси шаҳрро ба иҷлосияи ёздаҳум даъват кард

Иҷлосия ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудов Фазлиддин Абдусаломович, Мирзоев Тоҳир Хайруллоевич ва Шерзода Ситора Ҷалолро аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67 пеш аз муҳлат қатъ намуда, интихоботи вакилонро дар ҳавзаҳои номбурда дар таърихи 19 ноябри соли 2017 таъин кард.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳоро, ба  омодасозии  муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо ба сардиҳои давомнок ҷалб кард.

Масъулини соҳаҳои обёрӣ вазифадор гардиданд, ки вобаста ба омода намудани системаҳои ирригатсионӣ барои фаъолияти муътадил дар мавсими тирамоҳу зимистон иҷрои корҳоро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намуда, қисмати озоди каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳри Душанберо аз гилу шағал ва партовҳо тоза карда, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилиҳо ҳангоми аз меъёр зиёд гардидани боришот дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" супориш дода шуд, ки барои ба миқдори меъёрӣ таъмин намудани захираҳои саривақтии маводи безараргардонӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии безарар гардонидани оби ошомиданӣ ва сифатнокии он, инчунин таъминоти муътадили оби нӯшокӣ, анҷоми корҳои таъмириву профилактикӣ ва санҷиши фишори қубурҳои обтаъминкунӣ ва оби ғализ, таъмини фаъолияти мунтазами насосҳои эҳтиётӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, захира намудани сӯзишворӣ, дигар маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил тадбирҳои бетаъхир андешад.

Масъулини сарраёсати маориф, раёсатҳои тандурустӣ ва фарҳанг уҳдадор шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва табобатиро бо маводи сӯзишворӣ ва ангишт бо пуррагӣ таъмин намуда, омода будани генераторҳои барқро назорат намоянд.

Сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба пуррагӣ пайваст шудани бинову иншоотҳо ва таъмини пурраи шиносномаҳои тайёрӣ ба қабули энергияи гармӣ, барқароркунии механизмҳои гармитақсимкунӣ то 25 октябри соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намоянд ва ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ чораҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд.

Масъулин соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум ҳамкориҳоро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввалия бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намояд.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ шаҳри Душанберо ба хунукӣ "омода" мекунад

Дар якҷоягӣ бо КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе"  бобати ташкил намудани нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф шаванд.

Лентаи хабарҳо
0