Зоироне, ки аз Ҳаҷ бар гаштанд

Охирин гурӯҳи зоирони тоҷик аз Ҳаҷҷи акбар бар гашт

21
(Таҷдидшуда 16:03 27.09.2017)
Охирин гурӯҳи зоирони тоҷик пас аз адои Ҳаҷҷи акбар аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бар гашт

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чуноне, ки Кумитаи умури дини Тоҷикистон хабар медиҳад, охирин гурӯҳи зоирони тоҷик, ки 303 касро дар бар мегирад, 25-уми сентябр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омаданд.

Гуфта мешавад, ки раванди бозгашти зоирон аз 11-уми сентябр оғоз шуда буд. Дар ин муддат ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ даҳҳо парвоз анҷом дода ва 6300 ҳоҷиро ба Тоҷикистон овардаанд.

Бар асоси додаҳои Кумитаи умури дини Тоҷикистон, имсол ҳазинаи сафари ҳар як зоири тоҷикистонӣ 32 671 сомонӣ ё 3 712 дулорро ташкил медод.

21
Барчаспҳо:
бозгашт, Ҳаҷ, зоирон, Тоҷикистон