Оиша духтари тоҷик, ки ҳоло дар Ироқ аст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон наздикони Оишаро ҷустуҷӯ дорад

119
(Таҷдидшуда 16:34 27.09.2017)
ВУД ҶТ аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ҳар иттилоъе, ки дар бораи наздикони ин ҷавонзани тоҷик доранд, бо нерӯҳои интизомӣ дар миён бигзоранд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури дохилаи ҶТ Умарҷон Эмомалӣ иттилоъ дода, ки ин ниҳод наздикони Оишаро ҷустуҷӯ дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки дар Ироқ Оиша ном ҷавонзанеро пайдо кардаанд, ки аз Тоҷикистон будааст.

"ВУД Тоҷикистон наздикони Оиша ном зани тоҷикро ҷустуҷӯ дорад. Мо ҳамчунин  бо рӯзноманигорони Русия дар тамос ҳастем, ки ҳоло дар Ироқ қарор доранд ва ба мо низ дар бораи ин зан маълумот додаанд", — мегӯяд вай.

Пештар Оиша дар мусоҳиба бо шабакаи телевизюнии RT гуфта буд, ӯро аз қаламрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ) берун овардаанд ва ҳамроҳаш додар ва хоҳараш низ ҳастанд. Ӯ гуфта, ки аз Тоҷикистон аст ва шавҳараш аз ҷангиёни ДОИШ буда, ки дар ҷанг кушта шудааст.

119
Барчаспҳо:
кофтукоб, Оиша, Ироқ, Тоҷикистон