Ситонидани ришва, акс аз бойгонӣ

Ожонс: ходими калони илмӣ бо ваъдаи дохил кардан ба донишгоҳ 12 ҳазор сомонӣ пора гирифт

190
(Таҷдидшуда 11:05 28.09.2017)
Ходими илмӣ ин маблағҳоро гирифта, аммо ваъдаи додаашро иҷро накардааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тавре Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гузориш медиҳад, ниҳод қаллобии як ходими калони илмиро ошкор кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Бозор Розиқов-ходими калони илмии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ба як шаҳрванди кишвар ваъда додааст, ки ба ивази маблағ ба писараш дар супоридани имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ кӯмак мерасонад.

Ҳамчунин ходими илмӣ 12 ҳазор сомониро аз ин шаҳрванд гирифта, гуфтааст, фарзандашро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил мекунад.
Чуноне ки манбаъ меафзояд, Бозор Розиқов мабалағҳоро гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Розиқов Бозор Абдураҳмонович бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

190
Барчаспҳо:
ришва, ходими илмӣ, Тоҷикистон