Маҳкумшуда, акс аз бойгонӣ

Созмондиҳандаи инфиҷор дар Қӯрғонтеппа маҳкум ба ҳабси абад шуд

47
(Таҷдидшуда 18:56 29.09.2017)
Шарифҷон Зокир дар ташкили инфиҷоре гунаҳкор шинохта шуд, ки 12-уми март дар назди даромадгоҳи Додситонии низомии подгони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух дода буд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Шарифҷон Зокирро муттаҳам ба созмон додани инфиҷор дар шаҳри Қӯрғонтеппаро карда гунаҳкор шинохта ва маҳкум ба ҳабси абад кард.

Раванди баррасии парвандаи Шарифҷон Зокир дирӯз аз шабакаи телевизюнии саросари Тоҷикистон намоиш дода шуд. Додгоҳ Шарифҷон Зокир ва бародараш Раҷабҷонро муттаҳам ба созмон додани амалиёти теруристӣ кард. Шарифҷон Зокир ҳамчунин ба иттиҳоми таблиғи ақоиди гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" ва куштори як ҳамҷинсгаро муҷрим дониста ва маҳкум ба ҳабси абад шуд. Бародараш, ки донишомӯзи синфи нӯҳум буда, маҳкум ба 5 соли зиндон шуд. Ҳамчунин ҳамдастони Шарифҷон Зокир — Равшан Файзиев, Рустам Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов аз 13 то 15 сол маҳкум ба зиндон шуданд.  

Ёдовар мешавем, ки дар он инфиҷор Ҳасанбой Раҳмонов, нигаҳбони 67-солаи Омӯзишгоҳи фанноварии шаҳри Қӯрғонтеппа, кушта шуда буд.

47
Барчаспҳо:
ҳабси абад, додгоҳ, инфиҷор, Шарифҷон Зокир, Тоҷикистон