Нозири калони Шуъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлон ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод аз "ҷинояти шахсе, ки худ бо ҷиноят мубориза мебарад" гузориш медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Боиси таассуф аст, ки имрўзҳо шахсоне, ки худ масъуланд дар барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд чораандешӣ намоянд, ҷиноятҳои коррупсионӣ содир менамоянд, гузориш медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, нозири калони Шуъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлони Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд "А", ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 328 қисми 1 ва 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии судӣ қарор дошт, даромада, барои нисбати охирон тавассути суд таъин намудани ҷазои ғайриҳабсӣ дар намуди ҷарима аз ӯ 11000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда 10.000 сомонии дигарро талаб намудааст. 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович зимни аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи 10.000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
 Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0