Қатъи обрасонӣ, акс аз бойгонӣ

Дар кадом манотиқи Душанбе аз 4 то 5 октябр обрасонӣ қатъ мешавад

571
(Таҷдидшуда 17:18 04.10.2017)
Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе обрасонӣ ба мудати як шабонарӯз қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ аз истгоҳи обтаъминкунии "Кофарниҳон"  қатъ мешавад.

Аз соати 23-00 рӯзи 4 октябр то соати 24-00 рӯзи 5 октябр аз истгоҳи "Кофарниҳон" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин;

— ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"қатъ мешавад.

"Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикр-гардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд", — омадааст дар хабарнома.

571
Барчаспҳо:
қатът обрасонӣ, шаҳрдорӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Нархи об дар Тоҷикистон 10 дарсад гарон мешавад
Қатъи обрасонӣ дар Душанбе барои як шабонарӯз: захира кунед
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: аз 27 сентябр то 19 октябр
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

15
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

15
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад

1011
(Таҷдидшуда 19:54 05.03.2021)
Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Борону жола ва барф иваз мешавад, аммо дар рӯзи Модарон манзара тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.

Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.

Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.

Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.

Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.

1011
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, ҳушдори ҳавошиносон, боду ҳаво, Тоҷикистон