Шамол дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдор аз КҲФ, сангрезиш тундбоду барфу борон: эҳтиёт бошед

306
(Таҷдидшуда 12:45 06.10.2017)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд, бахусус дар роҳандозии корҳои саҳро

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Шамол шиддат гирифта дар як сония 17-22 метр мевазад. Дар баландиҳои бештар аз 2500 метр борон ба барф табдил меёбад.

"Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд. Бахусус, дар роҳандозии корҳои саҳро ботаваҷҷуҳ бошанд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ин рӯз аз ҷамъоварии ҳезум дар манотиқи куҳӣ ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ намоед.

Чунки бар асари боришоти шадид имкон дорад дар роҳҳо санг резад ва ин хатари ҳаракат дар роҳҳои мошингардро дучанд мекунад.

306
Барчаспҳо:
ҳушдор, Тоҷикистон
Мавзуъ
Бориши барф дар Тоҷикистон: имсол зимистон аз ВМКБ оғоз нашуд
Ҳушдор аз КҲФ: бориши шадид, сел, туфони ғуборолуд, сангрезишу тарма
Бориши борони зиёд ва фаромадани тармаву сел дар Тоҷикистон
КҲФ аз бориши барф то 3-феврал ҳушдор медиҳад