Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе ба муносибати Рӯзи раисҷумҳур

Обуна шудан
Сабқати футзал бо ширкати беш аз 40 даста дар майдончаи варзишии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки ба муносибати Рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе сабқати футзал ташкил мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе миёни дастаҳои вазорату идора, ташкилоту муассиса ва сохторҳои пойтахт аз 20-уми октябр то 16-уми ноябр доир мешавад.

Мусобиқа бо ширкати футболбозони беш аз 40 дастаҳои шаҳри Душанбе дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд.

Ғолибони мусобиқа бо "Ҷоми шаҳрдори Душанбе", медалу дипломҳо ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0