Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Иқдоми Рустам Эмомалӣ барои қабули шикоятҳои мардуми Душанбе

406
(Таҷдидшуда 18:00 17.10.2017)
Дар шаҳрдории Душанбе барои шаҳрвандон телефони боварӣ созмон дода шуд, ки метавон ба воситаи он аз камбудиҳои пойтахт ба раиси шаҳр шикоят бурд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз сокинони Душанбешаҳр даъват кардааст, ки доим бо Ҳукумати пойтахт дар итибот бошанд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

Акнун сокинони шаҳр метавонанд ба телефонҳои мобилӣ ва ё дигар таҷҳозотҳо камбудҳои шаҳрро ба навор бигиранд ва акс ва наворҳои худро ба нишонаи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ Dushanbe80@yahoo.com ирсол кунанд.

Метавон дар ин гуна паёмҳо аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон  хабар дод ва аз рухдод наворе ҳам пешниҳод кард.

Ин гуна арзҳоро метавон ҳамчунин ба воситаи  Vaiber ё WhatsApp ба рақамҳои  985-95-22-22 ирсол кард.

Ҳукумати Душанбе замонат додааст, ки номи ирсолкунандаи паёму наворҳоро ифшо намекунад.

406
Барчаспҳо:
шикоят, раиси шаҳр, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон