Борон, акс аз бойгонӣ

Тундбод, борону барф ва чангу ғубор: вазъи ҳаво имрӯз дар Тоҷикистон

318
(Таҷдидшуда 11:40 18.10.2017)
Дар вилояти Суғд тунд шудани вазиши бод то 17-22 метр сония пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Созмонҳои ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Суғд тунд шудани вазиши бод то 17-22 метр сония пешбинӣ мешавад. Эҳтимолан ба ин далел чангу ғубор бар хезад. Дар баландиҳои 3000 метр барф меборад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳааво рӯзона 18 — 23 дараҷа ва дар шарқ 6 — 11 дараҷа гарм хоҳад буд.

Ҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриву боронӣ пешбинӣ мекунанд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти бод ба амал омада, суръати он дар баъзе ноҳияҳо ба 18-23 метр дар як сония мерасад. Дар баландиҳои 2500 м борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 17-22 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Бод аз самти ғарб аз 2-7 то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

318
Барчаспҳо:
шамол, борон, барф, ҳавошинос, Тоҷикистон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

540
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

540

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

151
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

151