Боздошт, акс аз бойгонӣ

Хуҷанд: Абдумалик Саломов- пизишки машҳур бо гумони иртибот бо салафиҳо боздошт шуд

345
Тӯли як моҳ ин пизишки боистеъодод дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин ҷарроҳи қалбро бо кадом иттиҳом нигоҳ медоранд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон пизишки маъруферо ба иттиҳоми иртибот бо салафиҳо боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузори ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.
"Дар Хуҷанд корманди Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд пизишк Абдумалик Абдусаломов бо гумони иртибот бо ҳаракати "Салафия" боздошт шудааст",-омадааст дар манбаъ.

Тӯли як моҳ ин пизишки боистеъодод дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин ҷарроҳи қалбро бо кадом иттиҳом нигоҳ медоранд.

Тафтишот нисбати пизишк аз ҷониби кормандони Кумитаи амният анҷом дода мешавад. Тавре маълум шудааст, Саломов дар "маҳфили палав", ки аз ҷониби салафиҳо ташкил карда мешуд, доим ширкат меварзидааст.

Абдумалик Саломов 41 сол дорад ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Вай дар тӯли фаъолияти кориаш дар Маскав низ кор кардааст.  Аз соли 2015 пизишк дар Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд кор мекард.

Ҷараёни "Салафия" дар Тоҷикистон аз соли 2009-ум ин ҷониб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ба ҳисоб меравад. Сроли 2014 ин ҷараён дар Тоҷикистон экстримистӣ эълон шуд.

345
Барчаспҳо:
иттиҳом, "Салафия", пизишк, Хуҷанд, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

8
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

8
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

94
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

94
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон