Санҷиши сифати гӯшт

Гӯшт арзон мешавад?: ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир дар ноҳияи Ашт боло рафт

78
(Таҷдидшуда 18:25 22.10.2017)
Дар ноҳия 3480 тонна гӯшт, 20270 тонна асал, 14,2 тонна пилла истеҳсол карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, давоми нуҳмоҳаи соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳияи Ашт ба маблағи 248,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10,6 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он баробари 104,4 фоиз мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ,  ноҳия 3480 тонна гӯшт, 20270 тонна асал, 14,2 тонна пилла истеҳсол карда шудааст. Нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2016 мувофиқи ноҳия истеҳсоли гӯшт 179 тонна, шир  770 тонна, тухм 1000,0 дона ва пашм 2,1 тонна зиёд шудааст.

Пештар, дар арафаи иди Рамазон мардуми Душанбе шикоят бурда буданд, ки дар пойтахт гӯшт сол аз сол гаронтар мешавад. Ба гуфтаи онҳо, асосан фурӯшандаҳо нархи ин намуди маҳсулотро дар иду ҷашнвораҳо хусусан иди Рамазон ва Қурбон гарон мекунанд.

"Ин бетартибиро бинед. Ҳастанд фурӯшандагоне, ки дар як рӯз панҷ маротиба намоз механанд, аммо онҳо виҷдон надоранд. Ба Худо бовар доранду одамонро фиреб медиҳанд. Онҳо чӣ гуна метавонанд, ки дар ин моҳи муборак, ки бояд аз гуноҳҳо пок шуду ба наздикон кӯмак расонанд, ин хел рафтор мекунанд?",- гуфта буд яке аз харидорони бозори "Шоҳмансур".

78
Барчаспҳо:
истеҳсолот, Ашт, Тоҷикистон
Женщина ест лапшу

Ширкатҳои “Gallina Blanca” “Доширак” ва "Маги" ба ширкати “Хуҷанд-Агро” чӣ робита доранд?

0
(Таҷдидшуда 13:32 30.05.2020)
Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шудаааст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik.  Дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи “Хуҷанд-Агро” , ки аз лиҳози экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

манбаъ таъкид доштааст, ки харидорони маҳсулоти ин корхона ширкатҳои маъруфи “Gallina Blanca” “Доширак”, “Маги” ва як қатор тарабхонаҳои брендии Руссияву Аврупо мебошанд, ки асосан барои омода кардани хӯрокҳои зудтайёр онро истифода мебаранд.

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Русия, Чин, Украина ва Олмон асосан дар коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард намояд.

“Корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад”, - қайд намудааст манбаъ.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд алҳол дар корхона пиёзҳои истеҳсоли вилояти Хатлон ба миқдори калон мавриди коркард қарор дорад ва қарор аст, ки он ба хориҷи кишвар содирот шавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар ин корхона сафи кормандонро зиёд намоянд ва   бо истифода аз фаровонии ҳосили имсола аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ ва барои коркард захира намояд.

0
Барчаспҳо:
маблағгузорӣ, ширкат, сармоя, соҳибкор, корхона, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

109
(Таҷдидшуда 14:31 30.05.2020)
Тибқи нақшае, ки онро раисҷумҳур ба тасвиб расонидааст, то 1 сентябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон беморхонаҳои сироятӣ бунёд мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Дар робита бо муборизаи коронавирус дар Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд.

Дар ин бора оҷонсии иттилооти давлатии "Ховар" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз 20 май ҳангоми боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин супориш додааст.

Мувофиқи он, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президент 20 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.

"То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд", - омадааст дар яке аз бандҳои нақшаи мазкур.

Тибқи ҳамин нақша, вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои вилояту шаҳру навоҳиҳо то 15 июн бояд беморхонаҳои муваққатӣ ташкил кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

 

109