Боздоштшуда, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон 9 таблиғгари ДОИШ маҳкум ба зиндон шуданд

101
(Таҷдидшуда 23:46 25.10.2017)
Додгоҳи вилояти Хатлон 9 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таблиғи ақидаҳои гурӯҳи теруристии ДОИШ дар миёни мардум ба муддатҳои тулонӣ равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъи Додгоҳи вилояти Хатлон, додгоҳ ҷурми муттаҳамонро комилан собит кардааст.

Файзиддин Шомардонов — роҳбари гурӯҳ ба муддати 20 сол маҳрум аз озодӣ шудааст.

Саидмурод Ботиров ба муддати 18 сол, Абӯбакр Сатторов ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон шуданд. Ду узви дигари гурӯҳ ба ҳабси 12 сол ва боқӣ низ ба муддатҳои тулонӣ маҳкум ба ҳабс шуданд.

Гуфта мешавад, ки маҳкумшудагон бо интишори ақидаҳои ДОИШ ҷавононро ба саффи гурӯҳҳои теруристӣ таблиғ мекарданд. Дар пайи бозҷӯӣ собит шудааст, ки Шомардонов ҳамеша бо пайкорҷӯёни ДОИШ дар Сурия ва Ироқ дар тамос будааст.

Аҳли хонаводаи Абубакр Сатторов тасмим гирифтанд, ки ба додгоҳи олии кишвар шикоят баранд.

Файзиддин Сатторов, падари вай, мегӯяд, ки фарзандаш ҳамеша қонунро риоят мекард ва дар ширкате дар шаҳри Қӯрғонтеппа кору фаъолият дошт.

101
Барчаспҳо:
тарғиб кардан, гунаҳкор, зиндон, ДОИШ, ҷинояткор, Тоҷикистон
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2021-ро ҷамъбаст мекунад

0
Мавсими футбол барои мунтахаби миллии Тоҷикистон барои имсол хотима ёфта, кулли бозиҳояш ба соли оянда гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-202 ба соли оянда гузошта шавад.

Ба поияи ин тасмим, бозиҳое, ки  баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.

Яккачини Тоҷикистон ҳамин тавр дар соли ҷорӣ ягон бозии расмӣ доир намекунад, аммо аз рӯйи нақша бозиҳои дӯстонаашро доир мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тасмими мазкур дар пайи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ корро барои назорати дақиқи вазъ дар минтақа ва муайян кардани санаҳои нави мувофиқ барои бозиҳои интихобӣ,  идома медиҳанд.

Маълумоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Ёдовар мешавем яккачини Тоҷикистон мебоист моҳҳои октябр ва ноябр бо тимҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон-2022 рақобат кунад.

0
Барчаспҳо:
Ҷоми АФК, ФИФА, ФФТ, футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон
Певец Бахром Гафури

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

76
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба даргузашти овозхони номдори Тоҷикистон Баҳром Ғафурӣ номаи таслият нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик бо аҳли хонаводаи Баҳром Ғафурӣ ҳамдардӣ кардаанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

"Аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти ҳунарпешаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ сахт андўҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамояд.", - омадааст дар нома.

Парвиз Назаров дар бораи Баҳром Ғафурӣ: "инсони воқеъӣ ва мусиқачии асил буд"

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

 

76
Барчаспҳо:
Вазорати фарҳанг, Тоҷикистон, ҳамдардӣ, даргузашт