Автомати тамғаи Калашников. Акс аз бойгонӣ

Сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон худкушӣ кард

1054
(Таҷдидшуда 17:52 27.10.2017)
Тоҳир Ҳабибов сарбози 20-солае, ки соли гузашта аз деҳаи Рини ВМКБ ба хидмат ҷалб шуда буд, худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон сарбози Вазорати дифоъ худкушӣ кардааст. Дар ин бора оҷонсии Тоҷик.ТА, бо такя ба расонаҳои тоҷикӣ хабар медиҳад.

Фоҷиа рӯзи 26 октябри соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

"Тоҳиров Ҳабиби 20-сола сабози Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар минтақаи Кӯлоб, худкушӣ кард", — омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки Ҳабибов бо истифода аз автомати тамғаи "Калашников" худкушӣ кардааст.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, комиссияи вижае ин парвандаро пайгирӣ мекардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки сарбозони тоҷик ҳар ним соли хидмат ба таътил хоҳанд баромад. Тибқи ислоҳи қонун ба сарбозони хидматӣ ҳар шаш моҳ ба муҳлати 20 ва 30 шабонарӯз ба таътил мебароянд.

Қайд меавад, ки роҳкиро ва маблағи таътил барои ҳар сарбоз пардохт хоҳад шуд.

1054
Барчаспҳо:
худкушӣ, сарбоз, Тоҷикистон
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи Регар ТадАЗ, аз чап

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи "Куктош" таъйин шуд

35
(Таҷдидшуда 12:45 07.07.2020)
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии муваффақ ва шинохтаи тоҷик ба вазифаи сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.

Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.

 Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.

Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.

35
Как прошел тотальный диктант в Душанбе

Имтиҳонсупорӣ дар замони коронавирус: ММТ санаи эълони хол ва балҳоро гуфт

231
(Таҷдидшуда 12:28 07.07.2020)
Имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дар шароити паҳншавии коронавирус бо риоя намудани як қатор тадбирҳои иловагӣ сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Маркази миллии тестӣ аз баргузор шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабони соли ҷорӣ хабар дод, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1 то 7 июли соли равон дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, даври асосии имтиҳонҳо баргузор гардид.

Навбатҳои тӯлонӣ дар Хуҷанд: оғози имтиҳонҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия - акс

Манбаъ меафзояд, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) имсол 19 июл ба нақша гирифта шудааст.

"Даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 6 июл идома ёфта, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ имрӯз, 7 июл месупоранд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар шароити паҳншавии бемории COVID-19, даври имтиҳонсупорӣ бо риоя шудани як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуд.

Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб гардидадааст.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Гузашта аз ин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ 144 нафарро ташкил медиҳад.

231
Барчаспҳо:
имтиҳон, довталабон, ММТ, Тоҷикистон
Кран в ванной комнате, архивное фото

Таъмини деҳаи Баравун бо оби нӯшокӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ

0
(Таҷдидшуда 13:19 07.07.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз таъмини деҳа Баравуни ноҳия бо оби нӯшокӣ хабар додаанд, ки арзиши лоиҳа 1,5 миллион сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ дод хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилоли манбаъ, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд иштироку сухан карданд.

“Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия..

Зикр шуд, иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.

0
Барчаспҳо:
об, Тоҷикистон