Ҷавононро дастгирӣ мекунам: Рустам Эмомалӣ стипендияи шаҳрдори Душанберо созмон дод

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ба даст овардани стипендияи раиси шаҳр дар Душанбе озмун эълон карда шудааст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон — хонандагону донишҷўёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмуни такрориро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанберо доранд ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
— қарори шӯрои омӯзгорӣ ва ё шӯрои илмии муассисаи таълимӣ оид ба пешбарӣ барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо замимаи тавсифнома бо имзои роҳбари синф ва директори муассисаи таълимӣ;
— табели пешрафт ва ё нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ бо дарҷи баҳоҳои як соли охир гирифтаи хонанда ва донишҷӯ;
— пешниҳоди бастаи диплому сертификатҳо оид ба ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ифтихорнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои иштироки фаъолона дар озмуну чорабиниҳои ҷамъиятии шаҳр ва ҷумҳурӣ;
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
Довталабон ҳуҷҷатҳои мазкурро бо иловаи 3 расми андозааш 3х4 ва ариза ба номи раиси Комиссияи озмунӣ бояд то 11 ноябри соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.

Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида озмуни санҷиши дониши довталабон аз фанҳои таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 2217283, 901905919, 934603031

Лентаи хабарҳо
0