Парчами миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Тирамоҳи гарм: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то +30 дараҷа гарм мешавад

97
(Таҷдидшуда 11:51 31.10.2017)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва ноустувор дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҳавошиносии кишвар, имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ карда мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, бод аз самти шарқ 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона 27 то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 15 то 20 дараҷа гарм ва дар шарқи он 5 то 10 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешбинӣ мекунанд. Вазиши бод аз самти шарқ ба 3 то 8 ва дар баъзе ноҳияҳо ба 13 то 18 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9 то 14 ва рӯзона 21 то 26 дараҷаро гарм хоҳад буд.

Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳаво абрнок боқӣ мемонад, бод аз самти шарқ 3 то 8 метр дар як сония хоҳад вазид. Ҳаво дар водиҳо шабона ба 4 то 9 ва рӯзона ба 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ кардаанд. Бод аз самти шарқ 5 метр дар сония вазида, ҳаво шабона 7 то 9 ва рӯзона 28 то 30 дараҷа гарм мешавад.

97
Барчаспҳо:
ҳавои гарм, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон