Хокрезиш дар Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ: тӯфон, ҳавои сард ва сангрезиш дар чанд рӯзи оянда

338
(Таҷдидшуда 18:28 02.11.2017)
Коҳиши ҳарорати ҳаво дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазиши боди сард метавонад муҷиби хатар дар роҳҳои куҳӣ шавад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон истинодан ба маълумоти обуҳавосанҷон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 3-4 ноябри соли 2017 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд коҳиши ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд гармии ҳаво рӯзона +8+10 дараҷа хоҳад буд.

Ҳамчунин дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Бодҳои шадиди бӯронӣ имкон доранд чангу хокро ба ҳаво бардоранд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд. Дар минтақаҳои куҳӣ аз рафтан ба куҳ бо ҳадафи ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ намоянд.

Бахусус, ба бемороне, ки гирифтори маризиҳои дилу раг ва фишори баланд мебошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

КҲФ ба ронандагон ва куҳнавардону сайёҳон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ қоидаҳои техникаи бехатарӣ, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, чун эҳтимолияти резиши санг низ зиёд аст.

338
Барчаспҳо:
хокрезиш, ҳушдор, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон