Душанбе ва Ишқобод бародаршаҳр шуданд

© Сайт мэрии города ДушанбеПодписание договора между Ашхабадом и Душанбе
Подписание договора между Ашхабадом и Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пойтахтҳои Тоҷикистон ва Туркманистон - шаҳрҳои Душанбе ва Ишқобод паймони бародаршаҳрӣ бастанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва ҳамтои ишқободияш Шомуҳаммад Дурдалиев имрӯз Созишнома миёни шаҳрдории Душанбе ва шаҳрдории Ишқобод барои барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ишқободро имзо карданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии шаҳрдории Душанбе, ин санад дар маросиме дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов имзо шуд.

Созишномаро аз ҷониби шаҳрдории Душанбе раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ ва аз ҷониби шаҳрдории Ишқобод раиси шаҳр Шомуҳаммад Дурдалиев имзо карданд.

Ишқобод 16-умин шаҳре шуд, ки бо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бародаршаҳр шудааст. Нахустин шаҳре, ки бо Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста, пойтахти Замбия Лусака аст. Ин ду пойтахт дар соли 1966 бародаршаҳр шуда буданд. Сипас Душанбе бо Санъо (Яман, 1967), Монастир (Тунис, 1967), Клагенфурт (Австрия, 1972), Лоҳур (Покистон, 1976), Боулдер (Амрико, 1987), Мазори шариф (Афғонистон, 1991), Ройтлинген (Олмон, 1991), Санкт-Петербург (Русия, 1991), Шероз (Эрон, 1992), Минск (Белорус, 1998), Урумчӣ (Чин, 1999), Теҳрон (Эрон, 2001), Анкара (Туркия, 2003), Сянмин (Чин, 2013), Ганҷа (Озарбойҷон) ва Бухоро (Узбакистон) бародаршаҳр шуд.

Шаҳри Душанбе ҳамчунин ду шаҳри корёр дорад, ки Маскав ва Саратов ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0