Автомати Калашников, акс аз бойгонӣ

Ишқи ноком: далели худкушии сарбози бадахшонӣ дар Кӯлоб ошкор шуд

1598
(Таҷдидшуда 11:46 10.11.2017)
Бино ба додаҳои коргурӯҳи бозҷӯӣ, сарбози ҷавон ҳангоми посбонӣ бо духтари дӯстдоштааш телефонӣ гуфтугӯ кардаву пас аз он даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Далели худкушии сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар Хатлон маълум шуд. Дар ин бора  Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар додааст.

Тоҳир Ҳабибов порсол аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хидмати низомӣ ба яке аз воҳидҳои Вазорати дифоъ дар Кӯлоб даъват шуд.

Авохири моҳи октябр ин ҷавони 20-сола бо истифода аз силоҳи "Калашников" худкушӣ кард.

Бозҷӯии ин қазия бедиранг пас аз рух доданаш оғоз шуда буд. Додситонии низомии Тоҷикистон барои бозҷӯии шароити ин худкушӣ парванда оғоз карда ва коргурӯҳи бозҷуст ташкил карда буд.

Бино ба додаҳои коргурӯҳи бозҷуст, ин сарбоз пеш аз худкушӣ бо духтари дӯстдоштааш телефонӣ гуфтугӯ кардаву донидааст, ки вай дигар касро шавҳар мекунад. Ҳамин шикаст ангезаи худкушии Ҳабибов шудааст.

Ҳамхидматонаш гуфтаанд, ки Тоҳир бо онҳо муносибати нек дошт ва ҳама дастурҳоу фармондеҳонро бе каму кост иҷро мекард.

1598
Барчаспҳо:
муҳаббати гумшуда, худкушӣ, сарбоз, Тоҷикистон