Сайфиддин Назарзода, архивное фото

Додгоҳи шикояти Назарзодаро ба назар нагирифт

101
(Таҷдидшуда 21:15 15.11.2017)
Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори додгоҳ бетағйир боқӣ гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба назар нагирифт, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори додгоҳ бетағйир боқӣ гузошта шавад.

Вакили Сайфиддин Назарзода гуфтааст, ин дафъа низ ҳукми додгоҳ нисбати қазияи онҳо ноадолатона буд. Вай афзудааст, онҳо ният доранд, ки аз болои қарори додгоҳ боз шикоят баранд.

Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар авоили моҳи август ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз сўйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин симмат барканор шуд, ки муддаӣ аст ин иқдом ғайримунсифона мебошад.

101
Барчаспҳо:
шикоят, додгоҳ, Сайфиддин Назарзода, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

7
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

7
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дождь в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

140
(Таҷдидшуда 17:49 26.09.2020)
Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

140
Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон